Маълумоти охирин

УҒАН

УҒАН, юған, уға, угон, вогун, вигна, варх (Ргаngos), як ҷинси гиёҳҳои бисёрсолаест аз оилаи чатргулҳо. Баргаш дарози панҷадор (30—100 см), гулаш зард, мевааш калони паррадор. Моҳи май — июн гул мекунад, моҳи август— сентябр тухмаш пухта ба замин мерезад. Уған аз тухмаш афзоиш меёбад ва беш аз 200 сол умр мебинад. Уған гиёҳи заҳрнок буда, пӯсти баданро «месӯзонад» (обила мезанонад).
Уганзорҳо қариб дар тамоми кӯҳсори Тоҷикистон (дар баландии 700—3400 м аз сатҳи баҳр) дар нишебиҳои камхоки регу сангзор вомехӯранд.

460030_276f51a0
Онҳо бештар дар минтақаи субалпии республикаамон ҷоигиранд. Уғанзорҳои табиии республикаро баҳору тобистон ҳамчун чарогоҳ (як қисми онро ҳамчун алафдарав) истифода мебаранд. Уған хӯроки хуби чорвост.
Уған хӯрокӣ (Р. раbularia)-ро мардуми Осиеи Миёна дар тибби халқӣ барои муолиҷаи бемориҳои пӯст (хоришак, қӯтур) истифода мекунанд. Маҳлули аз баргу пояи уған тайёр кардашуда барои муолиҷаи милки дандон ва дандондард давои хубест. Реша, баргу поя ва меваи уған моддаҳои зиёди кумаринӣ дорад. С. Раҳимов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …