УФУҚ, хати каҷест, ки қисми ба назар намоёни сатҳи заминро иҳота мекунад. Уфуқи намоён баробари баланд шудани ҷои мушоҳида васеъ мешавад ва одатан аз уфуқи ҳақиқӣ (математики) поёнтар воқеъ мегардад.
Уфуқи ҳақиқӣ доираи калонест, ки аз рӯи ҳамвории ба хати шоқулӣ (дар ҷои мушоҳида) перпендикуляр сфераи осмонро мебурад.