Маълумоти охирин

«УФАР»

«УФАР» у ф о р, 1) зарбест дар силсилаи «Дувоздаҳмақом». Мувофиқи маълумоти рисолаи мусиқии Баҳҷат-ур-руҳ»-и Абдулмуъмини Сафиуддин «Уфар» яке аз 24 зарби (вазни) маъмули «Дувоздаҳмақом» буда, одатан барои оҳангу навоҳои шӯхи муфарраҳ дар усули дойра истифода мешудааст. Таркиби вазниаш аз 5 зарб иборат буда, 2 зарби сангин (яъне бам) ва 3 зарби сабук (яъне аер) дорад. Атонинаш: танӣ тан танӣ тано (навъи дигараш: тананӣ тан тананӣ тано).2) Шакли оҳангиест дар силсилаи «Шашмақом». «Уфар» дар шӯъбаҳои «Шашмақом» чун қисми хотимавии силсилаи оҳангии мавзӯъҳои аслӣ ба сифати вариасияҳои муайяни оҳангӣ меояд. Масалан, дар шӯъбаи якуми мақоми «Бузрук» бо номи «Уфари Уззол», дар мақоми «Рост» бо номи «Уфари Ушшоқ», дар мақоми «Наво» — «Уфари Баёт», мақоми «Дугоҳ» — «Уфари Чоргоҳ», мақоми «Сегоҳ» — «Уфари Сегоҳ» ва дар мақоми «Ироқ» бо номи «Уфари Муҳайяри Ироқ» ифода ёфтааст. Дар шӯъбаи дуюми ҳар мақом (аз рӯи силсилаи сюитавӣ) низ қисми хотимавӣ ба шумор меравад. Асоси «Уфар»-ро дар «Шашмақом» низ мисли «Дувоздаҳмақом» «усул»-и дойра ташкил медиҳад, ки ин усул ва ё зарб шӯхи муфарраҳ буда, чун оҳанги ҷамъбастӣ меояд. «Уфар» дар тамоми силсилаи «Шашмақом» бо ченаки зарбӣ (вазни)-и 6/8 ва ё 3/4 иҷро шуда, дар шӯъбаи дуюми ҳар мақом баъд аз шаклҳои оҳангии «Талқилча», «Қашқарча», «Соқинома» меояд. «Уфар» баъзан бо шеърҳои халқи сароида щуда, нисбат ба дигар шаклҳои оҳангӣ ҳаҷман хурдтар аст. Хатти аввали оҳангии «Уфари Муғулчаи Бузург» аз шӯъбаи дуюми мақоми «Бузург» чунин аст. 3) Номи яке аз зарбхои рақси тоҷикиро гӯянд, ки бо дойра иҷро мешавад.
Адабиёт: Шашмақом, ҷилди 1, Москва, 1950.
И. Раҳимов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …