Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри УФА

Шаҳри УФА

УФА, пойтахти РАСС Бошқирдистон дар соҳили дарёи Белая (шохоби Кама). Узели роҳи оҳан, бандари дарёӣ. Аҳолиаш 1048 ҳазор нафар. (1984). Соҳаҳои саноаташ: таҳвили нефт, химия, мошинсозӣ (заводҳои моторсозӣ, кабел, электротехникӣ, таҷҳизоти конҳои нефт ва ғайра), чӯбгарӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ.

ufa-c

7 донишкадаи олӣ (аз ҷумла Университети Бошқирдистон) ва 4 театр дорад. Уфа соли 1574 чун қалъаи русҳо ба вуҷуд омад, аз соли 1586 шаҳр ва аз соли 1922 пойтахти РСС Бошқирдистон
Бо ордени Революсияи Октябр (1974) мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …