Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / УЕЗДИ ТОҶИКОНИ ТОШҚӮРҒОН

УЕЗДИ ТОҶИКОНИ ТОШҚӮРҒОН

УЕЗДИ ТОҶИКОНИ ТОШҚӮРҒОН маҳалли тоҷикнишинест дар раёни автономии Синзяну Уйғур (Хутан)-и Ресспубликаи Халқии Хитой. Дар ин уезд тақрибан 20 ҳазор нафар тоҷикон (1981) дар ҳамсоягӣ бо уйғурҳо, қазоқҳо, қирғизҳо ва дигарон зиндагӣ мекунанд. Тоҷикони Тошқӯрғон дар асрҳои миёна ба ҳайати давлатҳои мустақилу мухталифи ин сарзамин дохил мешуданд. Давлати Кошғар (пойтахташ шаҳри Кошғар), ки аз ҷумлаи онҳост, сол ҳои 1370—1507 дар аҳди Темуриён ва минбаъд яке аз калонтарин марказҳои фарқангии Шарқи исломӣ буд. Солҳои 1757—59 Кошғарро феодалҳои манҷурии Хитой забт карданд, ки Синзян, яъне «Хоки нав» ном гирифт. Тоҷикони ин ҷо асосан ба деҳқонию ҳунармандӣ машғуланд. Таълим дар мактабҳои Синзян ибтидоӣ буда, ба забони хитоӣ мегузарад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …