Маълумоти охирин

УДУЛ

УДУЛ (арабӣ — аз ҳадди муайян гузаштан, таҷовуз намудан), дар илми бадеи классикӣ лафзи зиёдатиеро гӯянд, ки шоир аз рӯи зарурат ба он роҳ диҳад.

sher

Шамси Қайси Розӣ дар «Ал-Мӯъҷам» чанд навъи Удулро ташреҳ додааст:
1) зиёдот (афзудани ҳиҷо):
Чи гӯй, ки ҳама ҳаррон чун ӯ будаст кас низо,
На ҳаст акнуну на бошаду на будаст ҳаргизо.
Ба гоҳи хашми ӯ гавҳар шавад ҳамранги шавнизо,
ЧУН Ӯ хушнуд бошад, ман кунам з- анқос қирмизо.
Дар ин шеър ду айб — яке зиёдати дар калимаҳои ҳаргиз на қирмиз ва дигар зиёдати алифи ишбоъ, яъне ҳарфи « I »-и охири калимаҳои қофия роҳ ёфтааст;
2) Зиёдоти қабеҳ—ташдиди мухаффаф дар исми Умар дар байти зерин:
3-он ақл бад-ӯ гуфт, ки эй Уммари Усмон,
Ҳам Уммари Хайёмӣ, ҳам Уммари Хаттоб.
3) Тағйири алфоз берун аз ҳадди лозима:
Оби ангуру оби нилуфал
Мармаро аз абиру мушк бадал.
Барои риояи қофия шоир калимаи нилуфарро ба нилуфал табдил додааст.
Адабиёт:
М. Шарифов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …