Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / УДАМ Халянд

УДАМ Халянд

УДАМ Халянд (таваллуд 8. 5. 1936, Раквере, РСС Эстония), эроншиноси советии эстонӣ. Факултети географияи Университети Тартуро хатм кардааст (1959). Пас аз сафари Тоҷикистон (1957) ба адабиёту маданияти тоҷик дил баст ва ба омӯзиши мустақилонаи забони форсӣ ва тоҷикӣ шурӯъ кард. Аз соли 1971 муҳаррири илмии Энсиклопедияи Советии Эстония.
Удам муҳаққиқ ва мутарҷими намоёни адабиёти тоҷик ба забони эстонист. Мақолае доир ба сохти шеърҳои Ҳофиа, «Назаре ба шеъри тоҷикӣ», тарҷумаи шеърҳои Камол, Сайидо, ҳикояҳои С. Айнӣ ва Ҳаким Карим (1962), тарҷумаи шаш ғазали Ҷомӣ ва мақола дар бораи ӯ (1954) тарҷумаи нӯҳ шеъри Рӯдакӣ, мақола оид ба ҳаёти адабии имрӯзаи тоҷик (1967) ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Соли 1967-ум 115 рубоии Умари Хайём дар тарҷумаи Удам ба шакли китоби алоҳида аз чоп баромад. Муаллиф дар пешгуфтор дар бораи шоир, вазъи замон, ҷаҳонбинии ӯ ва хусусиятҳои жанри рубоӣ маълумот додааст. Маҷмӯаи тартибдодаи Удам асоси мустаҳками илмӣ дошта, ба зудӣ шӯҳрат ёфт. Маҷиӯаи «Шеърҳо»-и Рӯдакӣ (1970), «Гулистон»-и Саъдӣ (1974) бо тарҷума ва пешгуфтори Удам чоп шуданд. Маҷмӯаи шеърҳои М. Турсунзодаро тарҷума карда, ба вафоти шоир эссе навишт (1977). Шеърҳои Убайд Раҷаб, Ҳабибулло Файзулло, Мастон Шералӣ ва дигаронро низ бевосита аз тоҷикӣ ба эстонӣ гардондааст.
Адабиёт: Исаков С., Адабиёти тоҷик дар Эстония, «Садои Шарқ», 1979.
В. Велан.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …