Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / УБАЙДУЛЛОҲХОН

УБАЙДУЛЛОҲХОН

УБАЙДУЛЛОҲХОН (соли таваллуд номаълум — вафот 1711, Бухоро), хони Бухоро аз сулолаи Аштархониён. Солҳои ҳукмрониаш 1702—11. Дар замони ӯ ба ривоҷи тиҷорати дохилӣ ва хориҷӣ диққати махсус дода мешуд. Соли 1708 ӯ ислоҳоти пул гузаронд, ки боиси норозигии аҳолӣ ва дар Бухоро сар задани шӯриш гардид. Чорабиниҳои Убайдуллоҳхон асосан ба муқобили амирони ӯзбек нигаронида шуда буд. Аз ин рӯ онҳо зидди Убайдуллоҳхон суиқасд ташкил карда, соли 1711 ӯро ба қатл расонданд.
Адабиёт: Гафуров Б. Г., Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история. Москва. 1972. Н. Қосимов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …