Маълумоти охирин

УБАЙДӢ

УБАЙДӢ Мавлоно Убайдуллоҳи Сӯҳравардӣ (1834, Маднопури Бангола—1884, Дакка), шоири форсизабони Ҳиндустон. Дар зодгоҳаш маълумоти ибтидоӣ гирифта, сипас мадрасаи олии Калкаттаро хатм кардааст. Муддате садри мадрасаи Дакка буд. Бештар ба забони форсӣ шеър мегуфт. Дар ашъораш ақидаҳои ҳаётдӯстӣ, зиддидинӣ, фалсафию ирфонӣ ва панду насиҳат мавқеи калон дорад. Девони Убайдӣ ғазалиёт, рубоиёт, муқаттаот, маснавиҳои хурд ва ашъори гуногуни ӯро дар бар мегирад.
А. Ғаффоров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …