Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / УБАЙДУЛЛОҲХОНИ ШАЙБОНӢ

УБАЙДУЛЛОҲХОНИ ШАЙБОНӢ

УБАЙДУЛЛОҲХОНИ ШАЙБОНӢ Убайдуллоҳхон ибни Муҳаммад Султон (1495—1539, Бухоро), хони Бухоро аз сулолаи Шайбониён. Солҳои 1533 —39 ҳукмронӣ кардааст. Писари ҳокими Бухоро Муҳаммад Султон. Пас аз марги хони Самарқанд хутбаи хонии Бухоро бо номи Убайдуллоҳхони Шайбонӣ хонда шуд. Муаррихонро сахтгир зикр кардаанд. Бино ба маълумоти «Музаккир-ул-аҳбоб» Убайдуллоҳхони Шайбонӣ аксари вақти худро сарфи ғазавот намудааст. Байни солҳои 1535—37 шаш бор ба Хуросон юриши ғоратгарона кардааст.
Убайдуллоҳхони Шайбонӣ шогирди шайх Махдуми Аъзам буда, ба Мири Араб Хоҷа Аҳрор, Яъқуби Чархӣ ва ғайра иродат доштааст. Мадрасаи Мири Араб дар ахди ӯ бино шудааст. Ба назми классикӣ таваҷҷӯҳи хос дошта, ба се забон (тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва арабӣ) бо тахаллуси Убайдӣ, Қул Убайдӣ, Убайдуллоҳ шеър эҷод кардааст. Рисолаҳои «Ғайратнома», «Шавқнома», «Китоб-ус-салот» девони мукаммали ашъор ва ғайра дорад. Эҷодиёташ рӯҳияи тасаввуфи дошт.
У. Назиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …