Главная / Гуногун / УБАЙДУЛЛОҲИ САМАРҚАНДӢ

УБАЙДУЛЛОҲИ САМАРҚАНДӢ

УБАЙДУЛЛОҲИ САМАРҚАНДӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), олим ва фақеҳи тоҷик (асри 16). Дар Самарқанд таваллуд шудааст. Бино ба маълумоти «Музаккир-ул-аҳбоб» аксари илмҳои расмии замонашро аз бар кардааст. Аз ӯ «Сироҷ-ус-соликин ва латоиф-ул- орифин» ном асаре боқӣ мондааст, ки аз муқаддима, ҳашт боб ва хотима иборат мебошад. Китоб ба фаъолияти шайх Лутфуллоҳи Чустӣ (вафот 1559) оид аст. Дар он муаллиф доир ба воқеаҳои сиёсии асри 16-и Фарғона, Тошканд, Самарқанд, Чағониён, Ҳисор ва ғайра маълумот медиҳад. Асар оид ба муборизаи силсилаи нақшбандия ва кубравия маълумоти фаровон дорад. Нусхаи ноқиси асари Убайдуллоҳи Самарқандӣ дар захираи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои Узбекистон (№ 629) ва нусхаи пуррааш дар китобхонаи шахсии А. А. Семёнов маҳфузанд.
У. Назиров.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

САҚАНКӮР

САҚАНКӮР, нигаред Самандар.