Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / УБАЙД РАҶАБ

УБАЙД РАҶАБ

u-rajab

УБАЙД РАҶАБ (таваллуд 15. 5. 1932, деҳаи Нишоти раёни Панҷакент), шоири советии тоҷик. Аз оилаи деҳқон. Аъзои КПСС аз соли 1955. Институти давлатии педагогии Душанберо хатм кардааст (1954). Солҳои 1954—61 ходими адаби ва мудири шӯъбаи ғазетаи «Пионери Тоҷикистоя», ходими адабии журнали «Машъал», мудири шӯъбаи газетаи «Комсомоли Тоҷикистон», 1961—79 мудири шӯъба ва сармуҳаррири журнали «Садои Шарқ» буд. Аз соли 1979 мушовири адабиёти кӯдакон ва наврасони Иттифоқи Нависандогони Тоҷикистон. У. Р. шоири бачагон аст.
Ашъори ӯ дар маҷмуаҳои «Орзуҳои ширин» (1958), «Саду як барг»(1970), «Рӯи замин» (1974), «Хӯшаи гандум»(1979), «Ману ҷӯраҳои ман» (1981), «Дурдона» (1984) чоп шудаанд. Қаҳрамонони ашъори У. Р. кӯдакони фаъолу ҳушёр, ростқавлу меҳнатдӯстанд. Шеърҳои ӯ барои бачагон аҳамияти калони маърифатӣ доранд. Тарғиби ҳусни одоб ва ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ мавзӯъҳои марказии асарҳои ӯст. Шеърҳоя Убайд Раҷаб аз ҷиҳати услуб ва забон равон буда, аз ҷиҳати мавзӯъ ва мазмун ба салиқаи кӯдакон мувофиқанд. Убайд Раҷаб аз эҷодиёти даҳанакии халқ эҷодкорона истифода кардааст. Лирикаи гражданӣ ва ишқии Убайд Раҷаб дар маҷмуаҳои «Пайраҳа» (1967), «Рози обшор» (1979), «Саррез» (1982) ва ғайра гирд омадааст. Дар шеърҳои граждании у мавзӯи Ватан, тарғиби ғояҳои Ленин, тавсифи сифатҳои коммунист, тасаири манзараҳои куҳсори Тоҷикистон мавқеи муҳим дорад. Шеъру достонҳои Убайд Раҷаб ба бисёр забонҳои халқҳои СССР ва хориҷӣ (чехӣ, сербу хорватӣ ва булғорӣ) тарҷума шудаанд. Шеърҳои шоирони рус, халқҳои бародар ва Франсияю Булғорияро ба забони тоҷикӣ гардондааст. Узви Президиуми Правленияи Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон, узви Шӯрои адабиёти кӯдакон ва наврасони Иттифоқи Нависандагони СССР. Лауреати Мукофоти комсомоли ленинии Тоҷикистон (1977) ва лауреати Мукофоти ба номи Ҳ. X. Андерсен (1984). Ходими Хизматнишондодаи Маданияти РСС Тоҷикистон (1982). Аз соли 1962 узви Иттифоқи Нависандагони СССР. Бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди Владимир Ильич Ленин», бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон ва Президиуми Совети Олии РСС Қазоқистон мукофотонида шудааст.
Адабиёт: Таърихи адабиёти советии тоҷик, ҷилди 6, китоби якум, Душанбе, 1982.
А. Абдуманонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …