Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / УМУРИ МЕТРОЛОГӢ

УМУРИ МЕТРОЛОГӢ

УМУРИ МЕТРОЛОГӢ, маҷмӯи муассисаҳои давлатӣ ва органҳои метрологиро гӯянд, ки ягонагии ченаку андоза ва дақиқияти воситаҳои андозагириро таъмин мекунад. Умури матрологӣ воҳидҳои бузургии физикиро ба стандарти давлатӣ ва воҳидҳои ҳосилавии онҳоро бо эталонҳо муъофиқ месозад, андозаи воҳидҳоро ба ҳамаи воситаҳои андозагирии мамлакат паҳн менамояд, намунаҳои нави воситаҳои ченкуниро месанҷад, воситаҳои ченкунии истифодашавандаро вазорат мекунад, системаи давлатии маълумотҳои стандартиро ташкил менамояд, экспертизаи метрологии стандартҳоро мегузаронад.
Дар СССР ба умури метрологӣ Комитети давлатии стандартҳои СССР роҳбарӣ мекунад, органҳои умури метрологӣ бевосита ба он тобеъ мебошанд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …