Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ТИПОГРАФИЯ

ТИПОГРАФИЯ

ТИПОГРАФИЯ (аз юнонӣ typos — нишона, пай ва …графия), муассисаи полиграфӣ, ки асосан маҳсулоти чопӣ мебарорад. Дар Типография чопи ранга ва чопи баланд истифода мешавад. Типографияҳои бузургро (яттифоқӣ ва республимавӣ), ки ду ё се навъи чоп доранд, комбинати полиграфӣ (масалан) комбинатҳои полиграфии Минск, Саратов, Калинин, Ярославл ва ғайра) меноманд.

typography

Агар дар Типография чопи ранга ё баланд бартарӣ дошта бошад, он гоҳ фабрика (фабрика чопи рангин, фабрикаи картографӣ ва ғайра) номида мешавад. Дар заминаи Типографияҳои калон иттиҳодияҳои истеҳсолию техникии полиграфӣ таъсис мешавад. Аксарияти Типографияҳо тобеи Комитети давлатии СССР ва Комитетҳои давлатии республикаҳои иттифоқи оид ба корҳои нашриёт, полиграфия ва савдои китоб мебошанд. Ғайр аз ин органҳои партиявӣ, совети, касабавию комсомолӣ, инчунин як қатор вазоратҳо, идораю муассисаҳо Типографияҳо доранд.
Нигаред низ Матбаа, Полиграфия.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …