Маълумоти охирин
Главная / Техника / СТАНСИЯИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ

СТАНСИЯИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ

СТАНСИЯИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ, маҷмуи олоту таҷҳизотест барои тайёр кардани барномаҳои телевизион ва ирсоли онҳо ба воситаи радиомавҷҳо. Стансияи телевизионӣ яке аз ҳалқаҳои асосии шабакаи телевизионии ирсол мебошад. Стансияи телевизионӣ ду хел мешавад: Стансияи телевизионии программаҳо, ки онро одатан маркази телевизионӣ (телецентр) меноманд ва Стансияи телевизионии ирсол (нақлкунанда), ки он станцияи ретрансляционӣ низ ном дорад.

studia

Маркази телевизионӣ ҳалқаи ибтидоии шабакаи телевизионии ирсол мебошад, ки дар он барномаҳои телевизионӣ тайёр карда мешаванд. Базаи техникии Стансияи телевизионӣ аз комплекси аппаратгоҳу студияҳо иборат аст. Ин комплекс  силсилаи студияҳои дорои аппаратгоҳи техникӣ, таҷҳизоти намоишдиҳии кинофилмҳову ба навори магнитӣ сабт кардани сигналҳои барномаои телевиаионӣ (нигаред Видеомагнитофон), аппаратураҳо барои ба программаи ҳаррӯза дохил кардани барномаҳои дигари марказҳон телевизионӣ ва ғайраро дар бар мегирад.

Студияи телевизионӣ хонаест, ки деворҳояш садоногузар буда, масоҳаташ аз даҳҳо то ҳазорҳо м2 мешавад. Деворҳо вашифти студияро бо масолеҳи садо нишон рӯкаш карда, анро инчунин бо системаи кондициониронии ҳаво ва вентиляция таъмин менамоянд. Дар шафати студия аппаратгоҳо режиссёр ҷой мегирад, ки он ҷои кори режиссёр ва оператори овоз мебошад ва аз студия бо шишаи садоногузар ҷудо карда мешавад. Дар шафати аппаратгоҳи режиссёр аппаратгоҳи техникии студия воқеъ аст, ки дар он таҷҳизоти асосии тақвияту табдил додани сигналҳои телевизиюнии аз камераҳои телевизионӣ воридшаванда ҷой мегирад. Дар студияи телевизионӣ, ғайр аз ин, хонаҳои артистон, гримхонаҳо, хонаҳои либоспӯшӣ, устоханаҳои бутафорӣ ва ғайра мавҷуданд. Таҷҳизоти намоишдиҳии кинофилмҳо дар телекино- аппаратгоҳ таҷҳизоти ба навори магнитӣ сабт кардани сигналҳои тасвир ва намоиши онҳо дар аппаратгоҳи видеомагнитофонҳо гузошта мешаванд. Марказҳои телевизионии замонавӣ барои офаридали филмҳои ҳуҷҷатӣ ва бадеӣ низ таҷҳизоту имкониятҳои зарурӣ доранд.

Стансияи телевизионӣ        инчунин барои муҳаррирон, режиссёрон ва дигар мутахассисоне, ки ба тайёр кардану намоиш додани барномаҳо машғуланд, хонаҳо дорад. Барои ташкил кардани намоишҳо аз театр, стадион ва ғайра станцияҳои телевизионии сайёр истифода мешаванд.

Стансияи телевизионии ирсол ҳалқаи охирини шабакаи телевизионии ирсол мебошад, ки интиқоли сигналҳои тасвирро якҷоя бо сигналҳои овоз (дар намуди радиомавҷҳои дар руи замин пахншаванда) таъмин мекунад. Стансияи телевизионии ирсол (онро одатан радиостанцияи телевизионӣ меноманд) аз радиопередатчикҳои телевизионӣ, антеннаҳои телевизионии ирсол, ки дар манораи телевизионии баланд ҷойгир карда мешеванд (нигаред Антенна, Манора) ва аппаратураҳои чену назорат иборат мебошад.

М. Мамадчонов.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …