Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТУЙБОЕВА Софя Эрҷоновна

ТУЙБОЕВА Софя Эрҷоновна

ТУЙБОЕВА Софя Эрҷоновна (таваллуд 30. 1. 1913, шаҳри Казалински РСС Қазоқистон), актрисаи советии тоҷик. Артисти Халқии РСС Тоҷикистон (1941). Яке аз асосгузороии театри миллии тоҷикӣ, ходими ҷамъиятӣ. Фаъолияти эҷодиаш аз нимаи солҳои 20 дар Бухоро оғоз ёфтааст. Солҳои 1929—31 актрисаи Театри драмаи ба номи Ҳ. Ҳамза (Тошкент) ва аз соли 1931 актрисаи Театри драмаи ба номи А. Лоҳутӣ. Истеъдод ва маҳорати баланди артистии Туйбоева дар нимаи дуюми Солҳои 30 бештар зоҳир шудааст. Туйбоева махсусан дар офаридани образи занҳои мубориз муваффақиятҳои калони эҷодӣ ба даст овардааст: Ҷулета («Ромео ва Ҷулета»-и У. Шекспир, 1947), Н. К Крупская («Тӯфон»-и Ғ. Абдулло ва Ш. Қиёмов, 1957), Этери («Найшакар»-и Г. Бераенишвили, 1962) ва дигарон. Аз соли 1934 ҳамчун артисткаи кино низ ҳунарнамоӣ мекунад. Нақшаҳояш дар кино: Меҳринисохола («Ман бо духтаре вохӯрдам», 1957), Бону («Қисмати шоир», 1959), Саидабону («Вақтӣ зангирии писарам расид», 1960), модари Ҷалил («Зумрад», 1961), Ходима («Хокистари сӯзон», 1967), Мастонбибӣ («Тӯфон дар водӣ», 1971). Туйбоева раиси Ҷамъияти театрии Тоҷикистон 4968—84. Туйбоева шогирдони зиёде тарбия кардааст. Бо ордени Ленин, се ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст. А. Раҳимов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …