Маълумоти охирин
Главная / Техника / ТУХМИПОШАК

ТУХМИПОШАК

ТУХМИПОШАК, сеялка, мошинест, барои кишти зироати хоҷагии қишлоқ ва растаниҳои хӯроки чорво. Тухмипошакро барои кишти тухми буттаву дарахтони ҷангал (ниҳолпарварӣ), инчунин нурипошӣ ба кор мебаранд.

tuxmi
Тухмипошак аз рӯи тарзи кишт қаторӣ (расми 1), чоркунҷаи тоқатоқа, раста-раста, якхатта (расми 2), пошдиҳанда ва ғайра мешавад. Тухмипошакҳоро ба гурӯҳҳои махсус ва муштарак тақсим мекунанд. Тухмипошаки муштаракро барои кишти зироатҳои гуногун (масалан, бо тухмипошаки ғалладона ва ғалладонаи хӯроки чорво, ғалладона, лӯбиёиҳо, зироати равғандор, растаниҳои хӯроки чорво, зироати нахдор ва ғайраро кишт кардан мумкин аст), тухмипошаки махсус (Тухмипошакҳои лаблабу, пахта, ҷуворимакка, сабзавот ва ғайра)-ро бошад, асосан барои кишти як навъи зироат истифода мебаранд.
Тухмипошакеро, ки бо нурипошак таҷҳизонида шудааст ва барои ба замин андохтани нурӣ истифода мебаранд, тухмипошаки муштарак меноманд.
Тухмипошакҳо тракторӣ (овеза ва ядакй) аспӣ ва дастӣ мешаванд. Дар СССР фақат тухмипошакҳои тракториро мебароранд.
Дар СССР барои кишти зироатҳои хоҷагии қишлоқ плуг — Тухмипошак, Тухмипошак— култиватор, заминковоккунак — Тухмипошакро низ истифода мебаранд. Плуг — Тухмипошак, ки бо олоти плугӣ, тухмидону тухмикорак ва тухмирезакҳо ҷиҳозонида шудааст, дар як вақт ҳам шудгор ва ҳам кишт мекунад.
Тухмипошак— култиватор баробари кишт заминро нарм карда, алафҳои бегонаро мебурад, ба радаҳо нурӣ мепошад ва мола мекунад.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …