Маълумоти охирин

ТУХМӢ

ТУХМӢ, тухм, дон, донак, мева ё ҷузъи меваи мураккаб, ки барои кишт истифода шаванд. Баъзан он қисми растаниро низ тухмӣ мешуморанд, ки барои афзоиши нашвӣ (лӯндаҳои картошка, пиёзаки растани ва ғайра) ба кор равад.

tuxmi

Дар СССР ба сифати тухмӣ (қобилияти сабзиш, тозагӣ, касалию иллатнокӣ, замин вазни 1000 дона тухм) ва навъҳои он (тозагӣ ва махсусии навъи баъзе зироатҳо) стандартҳои давлатӣ муқаррар карда шудааст ва ҳамон тухмиро мекоранд, ки ба талаботи стандарт мувофиқ аст. Инспексияи давлатии тухмӣ баъд аз гузаронидани таҳлили лабораторӣ (нигаред Назорати тухмӣ), апробасияи кишт ва ғайра (нигаред Назорати навъ) сифати тухмӣ ва навъҳои онро муқаррар мекунад. Тухмиро пеш аз рехтан ба анбор дар хоҷагиҳо тозаву ба навъҳо ҷудо карда, агар лозим ояд, мехушконанд. Дар ҳар як хоҷагӣ маълумоти даркории оид ба сифат ва навъҳои тухмиро ба дафтари махсуси ҳисобгирӣ менависанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …