Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТУХМИ ҶУЛАК

ТУХМИ ҶУЛАК

ТУХМИ ҶУЛАК, ЯК навъ ангури маҳаллист. Токаш тезсабз, баргаш 5-парра, гулаш дуҷилса, хӯшааш 300—400 г, ғужбаш сабзчаи зардтоб, пӯсташ ғафс, сероби хуштаъм, 2—3 дона тухм дорад. Даври нашваш 135—145 рӯз. Аввалҳои моҳи сентябр пурра мепазад.

angur1

Фақат барои тархӯрӣ истифода мешавад. Токи онро аввалин бор дар ҳотаи колхозчиёни деҳаи Хонатароши раёни Ленинград (вилояти Кӯлоб) пайдо кардаанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …