Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТУГМАЧАГУЛ

ТУГМАЧАГУЛ

ТУГМАЧАГУЛ, мӯбофак, панирак (Маlvа), гиёҳи як ё бисёрсолаест аз оилаи тугмачагулҳо. Тугмачагул эсосан чун алафи бегона дар назди бошишгоҳ, киштзору боғ, баъзан дар пахтазору ҷангал месабзад. Дар Тоҷикистон 8 намуди тугмачагул вомехӯрад: М. mauritiana (асосан дар ноҳияҳои шимолӣ ва ҷануби республика, баъзан дар Помири Ғарбӣ нумӯ меёбад.

tuxmchagul
Растании ороишӣ ва асаловар аст. Баргу гулаш хусусияти давоӣ дорад), М. sylvestris (дар ноҳияҳои ҷанубӣ, дар канори роҳҳо мерӯяд), М.nicacensis (дар ҳама ҷо месабзад; хӯроки хуби чорвосг). М. игсрфкшсф (ғайри Помир) дар ҳамаи заминҳои обии республика мерӯяд), М. neglecta (дар ҳама ҷо месабзад; хӯроки хуби чорвост. Гиёҳи асаловар, доруист. Дар тибби халқӣ ҳангоми дарди гулӯ бо ҷӯшоби баргу решааш гулӯро мечайқонанд), М. pustella(асосан дар ноҳияҳои марказии республика дар маҷрои хушки дарёҳо, канори роҳҳо мерӯяд ва ҳамчун растании рангуборӣ, равғану витаминдор истифода мешавад), М. parviflora (асосан дар шимол ва ҷануби республика вомехӯрад), М. раmirroalaica (танҳо дар Помири Ғарбӣ дар пайколу назди бошишгоҳҳо месабзад).
Баргу пояи навраси тугмачагул (М. sulvestris М. neglesta, М. mauritiana ва ғайра)-ро, ки сервbтамин (каротин ё провитамини А ва витамини С) аст, ба таом меандозанд. Гул ва барги тугмачагули бешагӣ (М. sulvestris, нигаред расм) луоби фаровон дошта, шарбаташро аз қадим чун дору ва гулашро барои ранг кардани пашм ба кор мебаранд. Аз баъзе тугмачагулҳо (М. melusa) нахи дурушт ҳосил мекунанд ва аз он арғамчин мебофанд. Аз тухмаш равған мегиранд.
Адабиёт: Травянистые растения СССР, т. 2, Москва, 1971; Флора Таджикской ССР, т. 6, Л., 1981. 3. Қурбонбеков.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …