Маълумоти охирин

ТУТҚАВУЛ

ТУТҚАВУЛ, қараргоҳ, ёдгории асосии маданияти Ҳисор, мансуб ба асри миёна ва аввалҳои давраи мезолит. Дар деҳаи Тутқавул дар даромадгоҳи ҷануби дараи Пулисангин воқеъ буд, ки зери обанбори ГЭС-и Норак мондааст. Солҳои 1963—1969 В. А. Ранов кашф ва тадқиқ кард. Масоҳати қароргоҳ тақрибан ба 1 га баробар. Дар 3,5 ҳазор м2 қабати археологии давраи маданияти Ҳисор бештар ҳафриёт гузаронида шуд.

Аҳолии Тутқавул ба гурӯҳи нажоди европоии косахонаи сараш дароз тааллуқ дорад. Аз ду қабати маданияти Ҳисори Тутқавул зиёда аз 40 ҳазор олати сангин ёфт шудааст. Онҳо аз ҷинсҳои вулқонӣ ва қисман аз чақмоқсанг тайёр шудаанд. Сокинони Тутқавул аз чақмоқсанг олоти фонашакл, теғи дос, корд ва ғайра тайёр мекарданд. Табарҳои суфта низ ёфт шудаанд. Аҳолии Тутқавул асосан ба чорводорӣ ва деҳқонӣ машғул будаанд.

Қабати аз ҳама поёнии Тутқавул ба давраи аввали мезолит мансуб буда, бо реги дарёи Вахш алоқаманд аст. Олоти ин қабат асосан аз чақмоқсанг сохта шудааст. Дар байни олот тезкунҷаҳое бисёранд, ки аз се тараф суфтаанд. Тарошкордҳои каҷ низ ёфт шудаанд.        В. А. Ранов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …