Маълумоти охирин

ТУТИҲО

ТУТИҲО (Moraceae), оилаи буттаву дарахти ҳамешасабз ё хазонрез ва баъзе гиёҳҳост (Dorstema, Fatona).

Танаву шох ва барги аксари тутиҳо шираи ширмонанд доранд. 60—85 ҷинси растаниҳоро муттаҳид мекунанд, алалхусус дар минтақаҳои тропикӣ ва субтропикӣ фаровонанд. Дар Тоҷикистон аз тутиҳо махсусан анҷир ва тут маъмуланд. Инчунин баъзан канакунҷид ва канабро мепарваранд.

Common fig

Тутиҳо аҳамияти калони иқтисодӣ доранд. Туту анҷир меваи хеле машҳуранд. Аз барги анҷир дору (псорален, псоберан) тайёр мекунанд. Барги тут хӯроки асосии кирмак аст. Аз канабпоя нах мегиранд. Аз баъзе намудҳои тутиҳо каучук ва қоғаз ҳосил мекунанд. Аз орди меваи Artocarpus integer (вазни як донааш то 12 кг) нон мепазанд (Индонезия). Шираи ширини дарахти Ialactodendron utile-ро дар Америкаи Ҷанубӣ чун шир истифода мебаранд. Шикорчиёни ноҳияҳои ҷануби шарқи Ҳиндустон тири камонашонро ба шираи заҳрноки дарахти зақум (анчар) — Antiaris toxicaria тар мекунанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …