Маълумоти охирин

ТӮТӢ

ТӮТӢ, тӯтиҳо (Рsittaciformes), як назъ паррандаи хушрангест. Дарозиашон аз 9,5 см то 1 м. Рангашон сабзи бо сурху кабуд омехта, баъзан сиёҳ ё хокистарӣ; нарина ва модинаашон ба ҳамдигар шабоҳат доранд. Нӯлашон ғафс, чанголҳояшон пурқувват буда, ангуштони 1 ва 4-умашон ба қафо тоб хӯрдаанд. Аксари Тӯтӣ паррандагони тезпарвозанд; баъзе намудҳояшон (Реzoporus walicus ва Strigops hаdгорtilus) парвоз намекунанд.

tuti

Тӯтӣ 1 оила (316 намуд) дошта, бештар дар ҳамвориҳо ва баъзан кӯҳҳои субтропикиюо тропикиҳои ҳарду нимкура (дар Америка аз 40° а. ш. то 54° а. ҷ.) паҳн шудаанд. Дар ковокиҳои дарахтон, термитхонаҳо, ҷойҳои кафидаи шахҳо, ҷариҳо ва баъзеашон дар рӯи замин лона сохта, 1—12 (бештар 2—5) тухм мегузоранд, ки баъди 3 ҳафта аз онҳо чӯҷа мебарояд. Ғизояшон мева, тухм ва муғҷаи растаниҳо, баъзан ҳашаротҳо мебошад. Тӯтӣ аз як тараф растаниҳоро гардолуд ва тухми онҳоро паҳн намуда фоида меоварад ва аз тарафи дигар ба киштзору боғот зарар мерасонанд. Баъзе Тӯтии тақлидкунандаро (масалан, Аgapornis, Тӯтии мавҷдор, жако, какаду ва ғайра) дар қафас нигоҳ медоранд. Тӯтӣ баъзан бемории сироятии пситтакозро, ки барои одам хотарнок аст, паҳн мекунанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …