Маълумоти охирин

ТУТАК

ТУТАК, тутгулак, тутгазак, тутғӯзак (Роterium роlugamum), як навъ гиёҳи худрӯест аз оилаи настараниҳо. Гиёҳи серпоя ва бисёрсолаест, ки 40—90 см қад мекашад. Дар минтақаи ҷангалзори гармсер ва паҳнбарг, алафзор, нишебиҳои сантлох ва шағалҷойҳо (қаторкӯҳҳои Қурама, Зарафшов, Ҳисору Дарвоз, мавзеъҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Шарқӣ; 1000—2500 м аз сатҳи баҳр), инчунин чун алафи бегона дар киштзору боғ мерӯяд.

Тутак гиёҳи доруист. Дар тибби халқӣ ҷӯшоби бехашро доруи хунбанд (ҳангоми зусанториё, яъне исҳоли хунин, бавосир, бемориҳои занона) ва исҳоловар меҳисобанд. Аз баргу пояи хушки он «чой» дам мекунанд, ки иштиҳоовар буда, кори узвҳои ҳозимаро тақвият медиҳад. Ба дарди гулӯ ва зангила низ давост. Аз барги навхези тутак (бо ҷагҷағ, матинҷ, қоқу, авгуч ва ғайра) самбӯсаи алафи ва хӯриш тайёр мекунанд.

Тутакро чорво нағз мехӯрад. Баргу пояаш (то гулшукуфт) то 5% қанд, 4% оҳар, 10,6% сафеда, 4% равған, 41—70 мг% витамини С, 5 мг% каротин (провитамини А), флаваноидҳо ва моддаҳои даббоғӣ дорад.

М. Ҳоҷиматов, М. Саидов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …