Маълумоти охирин
Главная / Биология / Ангури ТУТАК

Ангури ТУТАК

ТУТАК, як навъ ангури маҳаллист. Токаш тезсабз. Баргаш калони 5-парра, гулаш дуҷинса, хӯшааш хеле калон (андаряк 560 г, баъзан то 1400 г мешавад), ғужбаш калони дарозрӯя, сафедчаи зардтоб, сероб, хуштаъм, пӯсташ нафис, 2—4- то тухм дорад.

angur

Охирҳои май гул карда, охири июл мепазад. Барои тархӯрӣ истифода мебаранд. Даври нашваш 146—150 рӯз.  Ба ҷел тобовар аст.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …