Маълумоти охирин

ТУСИҲО

ТУСИҲО, хадангиҳо (Веmuleaceae), оилаи буттаву дарахтони хазонреpро гӯянд. Барги яклухти содда, гули дуҷинса, «чормагз»-и қанотакдор дорад. Тусиҳо одатан дар ҷойҳои сернам мерӯянд. Гули онҳо ҳангоми вазиши бод гардолуд мешавад.

tusi

Тухми тусиҳоро об, парранда, хояндаҳо, инчунин шамол паҳн мекунанд. Тусиҳо 6 ҷинс (беш аз 100 намуд)-и растаниҳоро дар бар мегиранд. Дар Тоҷикистон фақат 2 ҷинси тусиҳо — тӯс ва фундуқ мерӯяд. Аз тусиҳо ашёи доруӣ ва техникӣ мегиранд. Онҳоро барои сабзкории шаҳру деҳот низ истифода мебаранд. Мағзи фундуқ хуштаъм ва серғизост.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …