Маълумоти охирин

ТӮС

ТӮС қаҳрамони ҳамосаҳои халқҳои эронинажод; яке аз персонажҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсист. Номаш дар «Ардвисура-яшт»-и Авесто Туса омадааст. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Тӯс писари Нӯзар аст. Пас аз марги падараш вай мебоист ба тахт менишаст, вале барои шоҳи золим будани падараш паҳлавонони Эрон ба тахти шоҳӣ Кайқубодро нишонданд.

shohnoma

Тӯс дар аҳди чандин шоҳ сарлашкари эрониён буд. Паҳлавони туронӣ Аржанг ба дасти ӯ кушта шуд, ҳамватани ӯ Ҳумон ба набарди Тӯс тоб наоварда, роҳи гурезро пеш гарифт ва ғайра. Баробари паҳлавони номдор буданаш Тӯс якраву тундмизоҷ ва кӯтоҳандеш низ тасвир шудааст.       М. Диловаров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …