Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Димнаи ТӮРТКӮЛ

Димнаи ТӮРТКӮЛ

ТӮРТКӮЛ, димнаи бошишгоҳи қадими мансуб ба асрҳои 1—4 мелодӣ, ки ғарбтари деҳаи Ғарави раёни Ёвон, вилояти Қӯрғонтеппа воқеъ аст. Онро солҳои 1953—66 бостоншинос А. Исҳоқов кашф ва таҳқиқ намуд. Дар натиҷаи ҳафриёт се давраи сохтмон ошкор шуд. Димна росткунҷа (170Х X 150X2,5 м) буда, деворҳои бинои давраи сеюм хиштӣ ва давраи дуюм похсагианд. Аз девори давраи якум осоре боқӣ намондааст. Тӯрткӯл аз се иқоматгоҳ иборат буда, ҳар кадом 3 —4 хона дорад. Қабатҳо аз рӯи танга ва маснуоти сафолӣ муайян шудаанд. Аз Тӯрткӯл хуму кӯза, тубак, зарфҳои гуногуни рӯзгор, ҳар гуна ҳайкалчаҳо, корди оҳанӣ ва ғайра ба даст омаданд.     А. Абвуллоев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …