Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ноҳияи ТУРСУНЗОДА

Ноҳияи ТУРСУНЗОДА

ТУРСУНЗОДА, райони маъмурии тобеи реопублика. Санаи таъсисаш 19 январи 1935 (то 6 декабри 1979 Регар ном дошт). Масоҳаташ 1175,4 км2. Аҳолиаш 24 ҳазор нафар (1985), тоҷикон,—ӯзбекҳо, русҳо, тоторҳо ва ғайра. Район 9 Совети қишлоқ (Кирол, Навобод, Пахтаобод, Работ, Сешанбе, Чапаев, Якуми Май, Ғарав, Қаротоғ) дорад. Маркази район — шаҳри Турсунзода.

tursunzoda
Райони Турсунзода дар водии Ҳисор, байни қаторкӯҳҳои Мачитлӣ (аз шимол) ва Боботоғ (аз ҷануб) воқеъ гаштааст. Релефи қисми марказии район аз водии васеи ҳамвор, қисмҳои ҷанубӣ ва шимолиаш аз адирҳо ва кӯҳҳо иборат аст. Баландиҳои мутлақ дар водӣ 600—800 м, дар қисми ҷанубӣ то 1500 м, шимолӣ то 3000 м ва аз ин зиёдтар. Қад-қади водии дарёҳои Ширкент ва Қаротоғ воҳаҳои на чандон калони ғаллакорӣ воқеъ гаштаанд. Адирҳо ҳамчун заминҳои лалмӣ ва чарогоҳ истифода мешаванд. Сарватҳои зеризаминиаш: ангишти бӯр, фосфорит, оҳаксанг, гил, регу шағал ва ғайра. Иқлими район континентист. Ҳарорати миёнаи январ 2°С, июл 27,6°С. Боришоти солона дар водӣ 400—500 мм, дар кӯҳҳо то 700—900 мм. Дарёҳояш: Ширкент ва Қаротоғ. Хоки водӣ ва доманакӯҳҳо хокистарранг, кӯҳҳо—дорчинӣ ва даштию бешадашти кӯҳист. Набототи водию адирҳо биёбонӣ ва нимбиёбонист. Дар дараю кӯҳҳо (қаторкӯҳи Мачитлӣ) буттазорҳо ва бешаҳои сираки арчаю заранг, дарахтони чинор, тур, шумтол, бед, мурӯд, бодом, дулона, себ, олуча, токи худруй ва ғайра вомехӯранд. Олами ҳайвоноти Турсунзода хирс, гург, гуроз, рӯбоҳ, қашқалдоқ, сурур, ҷайра, мор, сангпушт, хорпушт, калтакалос ва паррандаҳои гуногун.
Асоси иқтисодиёти район хоҷагии қишлоқ аст. Пахтакорӣ, боғу токдорӣ, сабзавоткорӣ, анҷибарпарварӣ ва чорводори тараққӣ кардааст. Район соли 1985 6 колхози пахтакор, 1 совхози сабзавоткор, 1 совхози анҷибарпарварӣ, 1 совхози боғу токдорӣ, инчунин комплекси байниколхозии чорвои парворӣ ва фабрикаи байнихоҷагии паррандапарварӣ дошт.
Соли 1985 колхозу совхозҳо ва дигар ҳоҷагиҳои давлатии район дар ихтиёри худ 22957 га киштзор, аз он ҷумла 14040 га замини обӣ доштанд. Миқдори умумии заминҳои киштшуда 22696 га, аз ҳамин ҳисоб замини кишти ғалладона —7048 га, зироати техникӣ—9802 га, аз ҷумла пахтазор — 9136 га, замини анҷибар —629 га; картошка —128 га, сабзавот—1578 га, зироати полизӣ — 384 га, хӯроки чорво —3756 га, боғот —389 га, токзор —299 га. Заминҳо аз дарёҳои Қаротоғ, Ширкент ва канали Чиртак обёрӣ мешаванд. Саршумори чорво дар колхозу совхозҳо ва хоҷагиҳои байниколхозии район(1985), ба ҳисоби сар): гов—17352, аз он ҷумла модагов —4497, гӯсфанду буз—72213, хук—3009, асп — 1003; шфранда—22550.
Муҳимтарин корхонаҳои саноатии район: заводҳои пахтатозакунӣ, равғани эфир, алюминий, чиниворӣ, асбобҳои бинокори, заводи нон, устохонаи таъмири мошинҳои хоҷагии қишлоқ, матбаа, ст. хизмати техникӣ, комбинати хизмати маишӣ.
Соли хониши 1985/86 дар райони Турсунзода 37 мактаби миёна, 26 мактяби 8-сола, 44 мактаби ибтидоӣ, 2 омузишгоҳи касбҳои техликӣ мавҷуд буд. 47 китобхолаи оммавӣ, 34 муассисаи клубӣ, 18 боғчаю яслии бачагон дошт. Дар 2 касалхонаи районӣ (565 кат), 2 беморхонаи қитавӣ (100 кат), 1 таваллудхола (120 кат), 5 консултатсияи занона, 2 диспансер, 6 поликлиника ва амбулатория, 47 пункти тиббӣ 204 нафар духтурони соҳибихтисос ва 697 нафар коркунони дорои маълумоти миёваи тиббӣ кор мекунанд (1985). Аз ҳудуди район роҳи оҳани Душанбе — Тошкент мегузарад. Ба воситаи роҳи автомобилӣ бо дигар шаҳру районҳои республика алоқаманд аст. Газетаи район «Ленин йӯлӣ» («Роҳи Ленин») аз феврали 1935 нашр мешавад.
3. Абдураҳимов, Р. Шарифов.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …