Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТУРСУНЗОДА Мирзо

ТУРСУНЗОДА Мирзо

tursun-zade_m

ТУРСУНЗОДА Мирзо (2. 5. 1911, деҳаи Қаротоғ, ҳозира раёни Турсунзода—24. 9. 1977, Душанбе), шоири советии тоҷик, ходими ҷамъиятӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ (1967), Шоири Халқии Тоҷикистон (1961), академики Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон (1951). Аз оилаи дуредгар. Аъзои КПСС аз соли 1941. Узви Комитети Маказии Партияи Комунистии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (аз соли 1946). Узви Иттифоқи Нависандагони СССР (1934). Дорулмуаллимини Тошкентро хатм намуд (1930). Ба Душанбе баргашта, аввалан мудири шӯъба, баъд котиби масъули газетаи «Ҷавонони Тоҷикистон» (ҳозира «Комсомоли Тоҷикистон») таъин шуд. Як муддат роҳбари қисми бадеии Театри мусиқии давлатии Ленинобод ба номи А. С. Пушкин буд. Соли 1935 ба Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон ба кор омад: мудири шӯъбаи ташкилӣ ва роҳбари сексияи драматургия. Соли 1939 раиси Правленияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, соли 1942 сардори Главлит, соли 1944 сардори Управленияи санъати республика. Аз соли 1946 то охири умраш раиси Правленияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Соли 1932 маҷмӯаи якуми шеър, очерк ва ҳикояҳои ӯ «Байрақи зафар» аз чоп баромад. Соли 1937 аввалин достони Турсунзода «Хазон ва баҳор» ба табъ расид. Турсунзода бо ҳамроҳии А. Деҳотӣ драмаи «Хусрав ва Ширин» (1936), либреттои аввалин операи миллии тоҷик — «Шӯриши Восеъ»-ро (1939, мусиқии Баласанян) эҷодкард. «Шӯриши Восеъ», ки достони муборизаи қаҳрамононаи мардуми кӯҳистони тоҷик барои адолат ва бар зидди зулму ситам аст, барои инкишофи санъати операи тоҷик роҳ кушод ва дар тараққиёти драматуртия нақши намоён гузошт. Турсунзода дар эҷоди асарҳои коллективонаи «Хатти заррин» ва «Оби ҳаёт» бо С. Айнӣ, А. Деҳотӣ ва Ҳ. Юсуфӣ ҳамкорӣ кардааст. Дар ин солҳо самимияту ҳиссиёти баланд, забони соддаву равон, образҳои аниқу аёнӣ, навоварӣ дар шаклу мазмун ва рукнҳои муҳимми услуби эҷодии ӯ қарор гирифтанд. Мисоли равшани ин шеърҳои «Хандида меояд», «Дар сари тасвир», «Баҳор», <«Ба истиқболи баҳор» мебошанд. Дар шеъри «Ба В. И. Ленин» (1940) тамоми ҷузъиёт ва тасвири манзараҳо ба ғояи асосӣ — муборизан доҳӣ дар роҳи озодии меҳнаткашон, ягонагии Ленин — Халқ—Партия тобеъ бӯда, моҳияти революционии ҷаҳонбинии шоирро равшан ифода кардаанд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941— 45) мавзӯи ватандӯстӣ дар ашъори Турсунзода боз ҳам вусъат ёфта, андешаҳои ватандӯстонаи шоир бо ғояҳои инсониятпарварӣ, дӯстии халқҳо ва интернасиопализми пролетарӣ бой гардид, эҷодиёти ӯ бо муборизаи диловаронаи мардуми советӣ бар зидди фашизм робитаи устувор пайдо кард. Дар ҳифзи Ватан ба по хесвани мардуми советӣ («Хайр, модари азиз»), муборизаи диловарона ва корнамоиҳои беназири ҷанговарон дар майдони корзор («Хотираи капитан» ва «Баҳодури тоҷик»), дӯстию рафоқат, ҳаммаслакии одамони советӣ ва ғамхории ҳамшираҳои мушфиқ ба ҷанговарон («Ҳамшираҳо»), дӯстии миллатҳои социалистӣ («Роҳи оҳан»), ягонагии халқу Ватан ва халқу Армияи Советӣ («Ҳаргиз», «Ба ҷанг»), меҳнати ватандӯстона ва бунёдкоронаи мардуми ақибгоҳ, («Офарин»)—чунинанд доираи мавзуъҳои ашъори Турсунзода дар он давра. Калонтарин асари Турсунзода дар он солҳо достони «Писари Ватан» (1942) мебошад. Мавзӯи достон иштироки фарзандони тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, муборизаи фаъолонаи онҳо ба муқобили фашистони истилогар ва дар ҷараёни ин мубориза боз ҳам қавию мустаҳкамтар гардидани дӯстии халқҳои советист.
Дар образи қаҳрамонони достон Қодир, Саодат, Микола ва Марина беҳтарин хислатҳои ҷавонони со ветӣ ифода гардидааст. Онҳо муборизу фидокор ва содиқу вафодор буда, ҳама якҷоя образи халқро ба вуҷуд овардаанд. Ба ин маънӣ дар достон ҳам меҳнати диловаронаи халқи тоҷик дар ақибгоҳ ва ҳам муборизаи қаҳрамононаи он ба муқобили фашистони истилогар хеле равшан тасвир ёфтааст. Образи писари тоҷик Қодир ва Миколаи украин, ҷарроҳи рус, ки чашмоии Қодирро даво кардааст, тимсоли дӯстии вайроннашавандаи миллатҳои социалистист. «Писари Ватан» ба эътибори шаклу мазмуни худ низ яке аз беҳтарин асарҳои адабиёти тоҷик дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба шумор меравад. Дар дигар асари калони у «Барои Ватан» (1942), ки бо ҳамроҳии А. Деҳотӣ навиштааст, садоқату вафодории ҷанговарони советӣ ба халқу Ватан ба риштаи назм кашида шудааст. Либреттои «Тоҳир ва Зӯҳро» (1944) низ одамони советиро бар зидди ғоратгарони аҷнабӣ ба муборизаи далерона сафарбар мекард. Эҷодисти Турсунзода пас аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ тимсоли инкишофи адабиёти тоҷик, алалхусус, назми он мебошад. «Арӯс аз Москва» (1945), «Водии Ҳисор» (1947), силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» (1947), «Ман аз Шарқи озод» (1951), «Дар кишвари тоҷик», «Садои Осие» (1956) ва ғайра аз ҷумлаи асарҳои пурмазмун ва баландғояи Турсунзода ҳисоб меёбанд. Ин асарҳо, ки ҷиҳатҳои муҳимми зиндагии халқи тоҷик ва ҳаёти кишварҳои хориҷиро фаро гирифтаанд, аҳамияти калони миллӣ ва интернасноналӣ доранд. Дар ин давра меҳнати ҷоннисоронаи халқи тоҷик («Ба депутат», «Аз Бадахшон то Кремл», «Ба посбони ганҷинаҳо»), хизмати содиқона ба халқу Ватан ва роҳбарии Партияи Коммунистӣ ба муваффақиятҳои рӯзафзуни одамони советӣ («Шаби котиби райком»), дӯстии вайроннашавандаи миллатҳои сосиалистӣ, алалхусус, халқҳои русу тоҷик («Арӯс аз Москва», «Уқоб» ва ғайра) дар эҷодиёти Турсунзода мавқеи намоён доштанд. Дар манзумаи «Вақт ва коммунист» (1951) Турсунзода коммунист-ходими партиявиро «намаку шираи замин» ва «решаи матини умр»-и инсон дониста, мақоми коммунистонро дар пешравии ҳаёти халқ нишон додааст. Дар эҷодиёти Турсунзода пас аз аввалин сафари ӯ ба хориҷа — иштироки шоир дар Конференсияи нависандагони мамлакатҳои Осиё ва Африка (Деҳлӣ, марти 1947) тағйироти намоён ба амал омад. Асарҳои аз ҳаёти мардуми хориҷа навиштаи Турсунзода ҳам ба эътибори мундариҷа ва ҳам ба эътибори шакли бадеии худ кашфиёти муҳимми эҷодӣ дар назми тоҷик давраи нав буданд. «Қиссаи Ҳиндустон», ки аввалин силсилаи шеърҳои Турсунзода дар мавзӯи хориҷӣ буда, ҳаёти халқи ҳиндуро пеш аз ба даст овардани истиклолияти миллии Ҳиндустон тасвир менамояд, аз ду қисм иборат аст: ба қисми якум, ки соли 1947 навишта шудааст, шеърҳои «Бозгашт», «Қиссаи Ҳиндустон», «Меҳмони мағрибӣ», «Рӯди Ганг», «Боғи муаллақ», «Тара Чандри» ва «Дар ёди кас» тааллуқ доранд Ба қисми дуюм силсилаи шеърҳои «Сайёҳи ҳинд», «Тоҷмаҳал», «Дар орзуи ошён», «Қадаҳи ман», «Кулоҳи профессор Ахвледиани» ва «Ду роҳ» медароянд, ки дар давоми солҳои 1948—49 навишта шудаанд. Ин шеърҳо аз ҷиҳати мавзуъ ва предмети тасвир гуногун бошанд ҳам, аз ҷиҳати ғояи баланди инсониятпарварӣ ва интернационализми пролетарӣ, фош ва танқиди империалистони хориҷӣ, даъвати халқи ранҷбар ба муборизаи озодихоҳона ва боварии комили шоир ба истиқлолияти миллии меҳнаткашони Шарқи ҳамсоя ва тарзи тасвири реалистии ҳаёт дар байни онҳо умумияте вуҷуд дорад. Дар достон баробари нишон додани ҳаёти мазлумонаи мардуми ранҷбари Ҳинд ва зулму асорати мустамликадорони антлис кӯшишҳои озодихоҳонаи меҳнаткашон, манзараҳои дилфиреби Ҳиндустон, осори олиҷаноби санъати халқи ҳинду низ васф шудааст. Шоир аз санъати тазод моҳирона истифода бурда, моҳияти аслии амалиёти мустамликахоҳони хориҷиро фош намудааст. Як хусусияти «Қиссаи Ҳиндустон» ин аст, ки ҳама шеърҳои силсила бо даъвати рӯҳбаландкунанда анҷом ёфтаанд. Хусусияти дигари ашьори ӯ ин аст, ки шоир зимни тасвири ҳаёти дигар халқҳо дар бораи Иттифоқи Советӣ ва мардуми озоди мамлакати советҳо сухан ронда, хушбахтии халқи тоҷик ва ободию озодии кишвари худро таъкид карда, афзалияти сохти сосиалистиро нишон медиҳад. Ин маънӣ, хусусан дар манзумаҳои «Тоҷмаҳал» ва «Ду роҳ» равшан ифода ёфвааст. Соли 1950 Турсунзода ҳамроҳи адибони советӣ Н. Тихонов, А. Сафронов ва Ойбек ба Покистон сафар карда, «Ман аз Шарқи озод», «Чашмҳо», «Қиссаи машҳур» ва «Чароғҳои ватан» барин шеърҳо навишт. Ин асарҳоро аз рӯи мундариҷаи ғоявиашон давоми мантиқии «Қиссаи Ҳиндустон» шуморидап мумкин аст. Ин ҷо диққати шоирро низоу нифоқе, ки империалистони хориҷӣ ва буржуазияи дохилӣ дар байни халқҳои Ҳиндустон ва Покистон барангехта, онҳоро аз муборизаи якҷоя бозмедоштанд ва зиёдтар истисмор менамӯданд, ба худ кашидааст. Шоир дар шеъри «Ман аз Шарқи озод» бевосита ба мардуми ранҷбари як мамлакат муроҷиат карда, сабабҳои асосии мазлумӣ, ошуфтагӣ ва ҳақирию мустамандии онҳоро фаҳмондааст. Як хусусияти «Ман аз Шарқи озод» дар ҳамин аст, ки шоир баробари муқоисаи Шарқи хориҷӣ бо Шарқи советӣ бедорӣ ва муборизаи халқи мазлуми мамлакатҳои дигарро низ нишондодааст. Манзумаи «Чашмҳо» аз меҳру муҳаббати мардуми озодихоҳи мамлакатҳои дигар ба аҳли Ватани мо ва муборизаи халқи советӣ барои сулҳу амният ҳикоят мекунад. Силсила бо шеъри «Чароғҳои ваган», ки дар он ҳиссиёти бузурги ватандӯстии шоир ифода ёфтааст, ба итмом мерасад. Дар шеърҳое, ки Турсунзода доир ба мавзӯи байналхалқӣ навиштааст, образи қаҳрамони лирикӣ мавқеи калони композисионӣ дорад. Ба туфайли ин образ он шеърҳо бо ҳам сахт пайванд ёфта, манзараи умумият додашудаи зиддият ва задухурди қувваҳои мутараққӣ ва иртиҷоиро инъикос кардаанд. Шеърҳои «Нақши пой», «Ҳалқаи заррин» ва силсилаи «Бо чашмони ту», ки намунаи лирикаи Турсунзода мебошанд, аз доираи эҳсосоти шахсӣ берун баромада, ҳиссиёти ватандӯстии қаҳрамони лирикиро низ ифода кардаанд.
Соли 1954 достони машҳури Турсунзода «Ҳасани аробакаш» ба табъ расид. Дар достон бисёр хусусиятҳои эҷодиёти шоир — кӯшиши муҳимтарин рӯйдодҳои ҳаёти халқро акс додан, ба вуҷуд овардани образҳои барҷастаи типӣ, оммафаҳмии тасвир, эҷодкорона инкишоф додани анъанаҳои достонсароии классикӣ ва робита бо эҷодиёти халқ, истифодаи таҷрибаи адабиёти рус ва ғайра ифода ёфтанд. Фаъолияти қаҳрамони асосии достон — Ҳасан дар давраи мустаҳкам кардани ҳокимияти ҷавони советӣ ва ҷорӣ шудани ғояҳои сосиализм дар ҳаёт ва шуури халқи тоҷик мегузарад. Ҳасан образи типии он заҳматкашонест, ки табиати духела — меҳнаткашӣ ва майдамоликӣ доштанд. Онҳо софдилона меҳнат мекарданд, вале ҳамчун яккадаст моликияти хусусиро мепарвариданд. Турсунзода фикру андеша, шубҳа, ҳиссу хаяҷон ва умуман олами ботинии Ҳасанро ҳамчун типи иҷтимоие, ки ба меҳнати коллективӣ бо душвориҳои зиёд мегузаштанд, моҳирона тасвир кардааст. Дар достон мӯборизаи наву кӯҳна, зиддияти психологияи моликияти хусусипярварӣ ва коллективӣ бо санъати тазоду муқобила, бо роҳи ба меҳнати яккадастӣ муқобил гузоштани мошину поезд ва бар хилофи харобию ноободиҳое, ки аз феодализм боқӣ монда буд, торафт обод шуда, симои худро тағйир додани Тоҷикистои тасвир ёфтааст, Образи Ҳасан характери мукаммали типист. Раиси колхоз, ки марди хирадманд, ташкилотчӣ ва тарбиятгарест, маҳбубаи Ҳасан — муаллима Садаф, ки таҷассуми озодӣ ва инкишофи маънавии занон дар шароити сосиалиэм мебошад, духтур Иван Кузмич, ки далели мададгории халқи рус ба мардуми тоҷик аст, образи Ҳасанро пурратар кардаанд. Дар достон образи муаллиф — қиссапардоз мавқеи муҳим дорад. Дар достонҳри Турсунзода «Садои Осиё» (1956), «Духтари муқаддас» (1957), «Чароғи абадӣ» (1958), «Ҷони ширин» (1960) масъалаҳои гуманизм ва интернасионализм ба миён гузошта шудаанд. Дар ин достонҳо ягонагии тафаккур ва амал чун шарти муҳимми интериационализм зуҳур кардааст. Дар «Садои Осиё» шоири ҳақиқатнигор, инсонпарвар ва фарзанди содиқи Шарқ муборизаи ранҷбарони мамлакатҳои Осиёро ба риштаи назм кашидааст. Шоир муборизаи ду ҷаҳон—ҷаҳони истибдоди фаношаванда ва ҷаҳони ранҷбарони музаффарро тасвир намуда, ғалабаи меҳнаткашонро падидаи ногузир мешуморад. «Чароғи абадӣ», ки достони лирикию фалсафист, ба ёди Айнӣ таълиф ёфгааст. Дар он ҳамагӣ як субҳи моҳи апрел — таваллуди фарзанд ва мулоқоти шоир бо Айнӣ тасвир шудааст. Дар достон эҳтироми беандозаи шоир нисбат ба Айнӣ хеле самимона ифода шудааст. «Духтари муқаддас» достони лирикию эпикист ва ин тарзи тасвир барои офаридани образи аниқи духтари адолатхоҳи ҳинду шакли басе мувофиқ аст. «Духтари муқаддас» аз ҷиҳати мазмун давоми мантиқии «Тара- Чандри» аст, ки масъалаи иштироки занони ҳиндуро дар роҳи мубориза 5арои сулҳу дӯстии халқҳо ва пешгири кардани ҷанг мавриди тадқиқи адабӣ қарор додааст. Мавзӯи асосии достони «Ҷони ширин» ҳам муборизаи халқҳои Шарқ, озодӣ, истиқлолияти милли ва сулҳу дӯстист. Ин ҷо шоир дар бораи сулҳу салоҳ, дӯстию ваҳдат ва мақоми бузурги одамони советӣ дар роҳи барқарор намудаяи сулҳу ҳамкории меҳнаткашон бо ҳиссиёти баланд сухан рондааст. Турсунзода дар достон ба инкишофи маънавии халқ ва мавқеи он дар ҳалли муҳимтарип масъалаҳои замони ҳозира диққати ҷиддӣ додааст ва ин бесабаб ҳам нест, зеро қаҳрамони лирикии достон ходими бузурги ҷамъиятӣ, муборизи матини роҳи сулҳу дӯстии халқҳост. Фикру зикри қаҳрамони лирикии достонро масъалаи зиндагонии осоиштаи халқҳои олам ва имрӯзу фардои онҳо фаро гирифтааст, ки ин ҳиссиёти пурҳарорати интернасионалии ӯро ифода менамояд. Хусусияти дигари қаҳрамони достон, ки ғояҳои ватандӯстоваи шоирро ифода менамояд, аз он иборат аст, ки ӯ ҳамеша ба ёди диёри худ зиндагӣ мекунад ва дар кадом қитъаи олам, ки бошад, худро аз мамлакати советӣ, аз Тоҷикистони азиз ҷудо тасаввур намекунад. Забони достон ҳам хеле соддаву равон буда, тафаккури амиқи шоирро ифода намудааст. Бисёр суханҳои ӯ дар шакли ҳикматҳои халқии тоҷикӣ баён гардидаанд. Турсунзода оид ба масъалаҳои муҳимми ҳаёти имрӯза сухан ронда, ба мақоми баланди зани тоҷик дар ҷамъият низ диққат додааст. Шоир занро ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷамъият ва сарчашмаи ҳаёти безавол тасвир намуда, иштироки ӯро дар идораи давлат чун зуҳуроти озодӣ ва истиқлолияти халқҳои дунё, ба муқобили оташдиҳандагони ҷанг ва империализми байналхалқӣ гувоҳӣ медиҳанд. Турсунзода тарғибгари ғояҳои бузурги партия ва сарояндаи меҳнату муборизаи халқ буд ва то охир ба идеалҳои олии коммулистӣ содиқ монд. Эътиқоди қаввӣ ва меҳру муҳаббати шоир ба ғояҳои ҳаётбахши партия дар шеъри программавии ӯ «Савганд» (1961) хеле барҷаста зуҳур кардааст. Асарҳояш ба бисёр забонҳои хориҷӣ тарҷума шудаанд. Шеърҳои Н. А. Некрасов «Роҳи оҳан» (1938),Т. Г. Шевченко «Васият» (1939),А. С. Пушкин «Абр» (1949) ва дигарон адибони русу шоирони республикаҳои бародарро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. Аз рӯи сенарияи Турсунзода ва И. Филимонова филми бадеии «Ҳасани аробакаш» (1966) ва «Бо амри дил» (1968) офарида шудаанд. Соли 1975 аа рӯи достови ӯ «Аз Ганг то Кремл» филми бадеии «Субҳи Ганг» ба миён омад. Лауреати мукофотҳои давлати (1948) ва ленинӣ (1960), Лауреати мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ (1963), Лауреати мукофоти байналхалқии Ҷавоҳирлол Неҳру (1968), Лауреати мукофоти комсомоли левинии Тоҷикистон (1971), депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 2—9), котиби Иттифоқи Нависандагони СССР (аз соли 1959), раиси Комитети советии якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африка, аъзои Президиуми Совети Умумиҷаҳонии сулҳ. Бо 4 ордени Ленин, ордени Революсияи Октябр, 3 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 2 ордени «Нишони фахрӣ», ордени Республикаи Халқии Булғория «Кирилл ва Мефодий», медали Ҷамол Абдунносир ва ғайра мукофотонида шудааст. Соли 1974 ба «Медали тиллои Комитети советии мудофиаи сулҳ» мушарраф гардид. Мақбарааш дар Лучоб (шаҳри Душанбе). Барои абадӣ гардонидани хотиран Турсунзода Хонаи адибони Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон, Институти санъат, раёни Регар ва шаҳри Регар номи Турсунзодаро гирифтанд. Ба муносибати 70-солагии зодрӯзи шоир дар шаҳри Турсунзода ҳайкали ӯ гузошта шуд. Дар Ленинобод (кӯчаи Ленин, 12) ду хона-музей ва дар Душанбе (кӯчаи Карл Маркс, 79) музеи адабию ёдгории Турсунзода ба кор даромаданд. Соли 1980 кӯҳнавардон яке аз қуллаҳои баланди Помирро кашф карда қуллаи Турсунзодар ном ниҳоданд. Иттифоқи нависандагони СССР, Комитети Советии якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африка мукофоти адабии ба номи Мирзо Турсунзода, Институти санъати Тоҷикистон стипендияи ба номи Турсунзодаро таъсис намуданд.
Осор: Куллиёт, ҷилди 1-4, Душанбе, 1971-1985; Вечнҷй свет. Стихотворения и поэми, Москва, 1969; Избрание произведения, том 1-2 Москва, 1971; Мой век, Москва, 1973; Асарҳои мунтахаб, ҷилдҳои 1-2, Душанбе, 1980; Планета человечества, Душанбе, 1980.
Адабиёт: Бобоев Ю. Сипаҳсолори назм, Душанбе, 1971; Сайфуллоев А. Мирзо Турсунзода, Душанбе, 1984; Мирзо-Турсунзаде. Библиографический укузател, Душанбе 1981. А.Сайфуллоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …