Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТУРСУНХОҶАИ ДУТОРӢ

ТУРСУНХОҶАИ ДУТОРӢ

ТУРСУНХОҶАИ ДУТОРӢ (1854, Бухоро —-1928, ҳамон ҷо), навозанда, бастакор ва мақомдони тоҷик. Аз оилаи косиб. Санъати сознавозӣ ва дигар таркиботи мусиқиро дар зодгоҳаш омухтааст. Аз ҷавонӣ ба омӯхтани мақомҳо шурӯъ намуда, аз устодони «Шашмақом» Отаҷалол, Отағиёс, Мирзоназруллоҳ, Ҳоҷӣ Абдурраҳмои ва дигарон сабақ гирифтааст. Турсунхоҷаи Дуторӣ дар навохтани оҳангҳои халқӣ, қисмҳои созии «Шашмақом» ба мисли «Курд», «Зебопарӣ», «Эшбой», «Қаландарӣ», «Муноҷот», «Муҳайяр», «Гардуни Наво» ва ғайра шуҳрат дошт. Бо услуби хос дутор менавохт ва бисёр устодони мусиқи сабки навохтани ӯро тақлид мекарданд. А. Раҷабов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …