Маълумоти охирин

ТӮРОН

ТӮРОН, Турон, яке аз кишварҳои қадимие, ки марзу ҳудуди он ба Мовароуннаҳр мутобиқат мекунад. Калимаи Тӯрон аз ҷузъҳои тӯр (дар Авесто tura — далер, диловар) ва суффикси ҷамъбандии -он таркиб ёфтааст. Дар замонҳои қадим дар марзи Мовароуннаҳр қабилае бо номи тура мезистааст ва номи кишвар — Тӯрон ҳам ба онҳо марбут аст. Масъалаи пайдоиши кишвари Тӯрон ва кӣ будани тӯрониён ва зиддияташон бо Эрон дар аксари осори адабиву таърихӣ — аз Авесто то «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ инъикос ёфтааст. Мувофиқи «Шоҳнома» — Фаридун мулки худро ба се бахш карда, ба писаронаш Салм, Эраҷ ва Тур дод. Он бахше, ки ба Тур дода буд, Тӯронзамин ном гирифт.

Зиддияти Эрону Тӯрон аз сабаби кушта шудани Эраҷ ба дасти Салму Тур сар зад. Сипас, ҷангҳои байни Эрону Тӯрон дар замони зиндагии авлоди Тур — Пашанг, Афросиёб ва дигарон, то Арҷосп давом кард.

Дар баъзе осори адабиву таърихии баъдиисломӣ ва ҳамосаҳои туркӣ Тӯрон ҳамчун мамлакати туркҳо шарҳ ёфтааст. Вале айният додани тӯрониён ва туркҳо, сарвари қабоили турк донистани қаҳрамони ҳамосаи эронӣ — Афросиёб ба ҳақиқат мувофиқат намекунад, чунки дар Тӯрони қадим қабоили турк зиндагӣ намекарданд. Тӯрониён ва эрониён қабилаҳои ҳамнажод буданд. Қабилаҳои турк дар ин ноҳия тақрибан асри 6 пайдо шуда, тадриҷан маснан гирифтанд ва иштибоҳ дар нисбат додани Тӯрон ба кишвари туркон ба вуҷуд омад.

Адаюиёт: Абулқосими Фирдавсӣ, Шоҳнома, ҷилди 1—9, Душанбе, 1964—66; Додихудоев Р., Эрону Турон чӣ маънӣ доранд?, «Адабиёт ва санъат», 13 ноябри 1986; Фрай Р. Н., Наследие Ирана, Москва, 1972.         М. Диловаров.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …