Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / ТУРКМАНИСТОН

ТУРКМАНИСТОН

turkmeniya

ТУРКМАНИСТОН, Республикаи Советии Сосиалистии Туркманистон (Туркменистан Социалистик Республикасы), дар ҷанубу ғарби Оснёи Миёна воқеъ аст; аз ғарб бо баҳри Каспий иҳота мебошад. Масоҳаташ 488,1 ҳазор км2. Аҳолиаш 3118 ҳазор нафар (1984); туркманҳо (1892 ҳазор нафар, 1979), русҳо, ӯзбекҳо, қазоқҳо, тоҷикон ва ғайра. Аҳолии шаҳрҳо 47%. Туркманистон 5 вилоят, 44 район, 15 шаҳр ва 74 птш дорад. Пойтахташ шаҳри Ашқобод.
Қисми зиёди ҳудуди Туркманистон пастуҳамвор буда, онро биёбони Қароқум ишғол кардааст, дар ҷануб ва ҷанубу ғарб куҳҳои Кабуддоғ ва Паропамиз воқеанд. Иқлимаш хушки континептист. Ҳарорати миёна январ —4°С (дар водии Атрек 4°С), июл 28— 32°С. Боришоти солона дар шимолу шарқи республика 80 мм, дар куҳҳо то 300 мм. Набототаш биёбонист; хокаш асосан бӯр ва хокистарранг. Дарёҳо: Аму, Мурғоб,Таҷан, Атрек ва ғайра Оби дарёи Аму бо Канали Қароқуми ба номи В. И. Ленин то шаҳри Бахардӯк (тӯлаш 1100 км) мерасад. Шаҳрҳон калони республика: Ашқобод, Чорҷӯй, Красноводск, Тошҳавз, Марӣ, Байрамалӣ, Таҷан; шаҳрҳои навбунёдаш: Небитдоғ, Бузмайин, Челекен.

turkmeniya1
Инсон дар ҳудуди ҳозираи Туркманистон ҳанӯз дар давраи охири палеолит сокин буд. Дар ҳудуди РСС Туркманистон яке аз қадимтарин дар СССР маданияти давраи неолит — маданияти ҷайтун вуҷуд дошт. Охири ҳазоран 2— ибтидои ҳазораи 1 то мелод давраи таназули ҷамоаи ибтидоӣ ва ташаккули ҷамъияти синфӣ буд. Ба туфайли обёрӣ соҳаи асосии хоҷагӣ — зироат ҳеле пеш рафт. Асрҳои 8—7 то мелод сохти ғуломдорӣ пайдо шуд. Дар ҳудуди вилоятҳои таърихии Марғиёи ва Порт, дар соҳили ҷанубу шарқии баҳри Каспий вилояти Гиркания (Гургон) воқеъ буданд, дар шимол қабилаҳои бодиянишини массагетҳо ва дигарон умр ба сар мебурданд. Асрҳои 6—4 то мелод ин вилоятҳо ба тасарруфи давлати Ҳахоманшниён, охири асри 4 то мелод ба ҳайати империяи Искандари Мақдунӣ даромаданд; дар миёнаи асри 3 то мелод дар ин ҷо давлати Порт ба вуҷуд омад. Минбаъд Сосониён давлати Портро сарнагун карда, ҷануби Туркманистонро ишғол намуданд. Дар миёнаи асри 1 дар ноҳияҳои қарибии баҳри Арал гуннҳо пайдо шуда, бо қабилаҳои чорводори маҳаллӣ даромехтанд. Дар миёнаи асри 5 қисми зиёди Туркманистонро Ҳайтолиён забт карданд. То асри 6 дар ноҳияҳои зироатӣ муносибатҳои феодалӣ пайдо шуданд. Марв маркази калони тиҷорат гардид. Баъди истилои арабҳо Туркманистон ба ҳайати давлатҳои Тоҳириён ва Сомониён дохил буд. Дар ин давра шаклҳои заминдории феодалӣ хеле ривоҷ ёфт. Марказҳои тиҷорату ҳунармандӣ — Урганҷ, Нисо, Абивард, Сарахс, Деҳистон ва ғайра рӯ ба тараққӣ ниҳоданд. Дар асрҳои 9—11 дар поёноб ва маҷрои миёнаи дарёи Сир, Наздикаспий Шимолӣ ва Шарқӣ оғузҳо маскун буданд, онҳо соли 1040 бо мадади Салчуқиён Туркманистонро забт карда, дар ташаккули туркманҳо омили муҳим гардиданд. Охири асри 12— аввали асри 13 Туркманистон дар тасарруфи Хоразмшоҳиён буд. Баъд ӯрдуҳои Чингизхон ин сарзаминро забт карда, шаҳру деҳотро хароб, як қисми мардумро нобуд карданд ва қисми дигарро ба ғуломӣ бурданд. Туркманистон байни Олтинӯрда, улуси Чигатой ва давлати Ҳалокуиён тақсим шуд. Баъди тануззули давлати Ҳалоқуиён (миёнаи асри 14) ва камқувват шудани Олтинӯрда (солҳои 60 асри 14) якчанд мулки мустақили нимфеодалӣ ташкил шуд, ки онҳоро солҳои 70—80 асри 14 Темур ба давлати худ ҳамроҳ кард. Дар асрҳои 16—17 Туркманистон қисман дар тасарруфи хонии Хева ва хонии Бухоро, қисман дар итоати Эрон буд. Асрҳои 18—19 дар Туркманистон сохти феодалӣ ҳукмрон буд, вале ҳанӯз меҳнати ғуломон истифода мешуд. Дар ин давра капитализми Россия ба бозор ва манбаъҳои нави ашёи хом мӯҳтоҷ буд, алалхусус эҳтиёҷи саноати Роосия ба пахта торафт меафзуд. Рақобати Россияю Англия боиси он гардид, ки дар Осиёи Миёна фаъолияти Россияи подшоҳӣ хеле вусъат ёфт. Соли 1869 қӯшунҳои Россия соҳили шарқии баҳри Каспийро ишғол намуда, шаҳри Красноводскро бунёд карданд. Солҳои 1869—85 Туркманистон ба Россил ҳамроҳ шуд. Соли 1882 дар ҳудуди Туркманистон вилояти Закаспий (марказаш Ашқобод) таъсис ёфт. Ба ҳайати Россия дохил шудани Туркманистон аҳамияти калони прогрессивӣ дошт. Туркманҳо аз ҷангҳои тӯлонии байнихудӣ, аз тохтутоз ва ғорати давлатҳои феодалии ҳамсоя наҷот ёфтанд, ғуломфурӯши қатъиян манъ гардид. Охири асри 19—авв али 20 ба Туркманистон капитали Россия ва қисман капитали хориҷӣ роҳ ёфт. Аввалин корхонаҳои хурди саноати, заводдҳои пахтатозакунӣ, равғанкашӣ, собунпазӣ, осиёбҳо ба кор даромаданд. Қад-қади роҳи оҳани закаспий (солҳои 1880—88 сохта шуд) посёлкаҳои муҳоҷирони рус бунёд шуданд. Баъди ғалабаи Револютсияи Феврал дар як қатор шаҳрҳои Туркманистон Советҳои депутатҳои коргарон ва комитети солдатҳо ба вуҷуд омаданд. Баъди ғалабаи Револютсияи Кабири Сосиалистии Октябр 30 ноябр—3 декабр 1917 дар Ашқобод Съезди 4-уми Советҳои вилоятии Закаспий баргузор шуд, ки он 15 декабр ба Советҳо гузаштани тамоми ҳокимиятро эълон карда, СКХ-ро интихоб намуд. Зимистони 1917—18 дар тамоми Закаспий Ҳокимияти Советӣ барпо гардид. Қисми асосии ҳудуди Туркманистон (вилояти Закаспий, ва августи 1921— вилояти Туркманистон) ба ҳайати РАСС Туркистон дохил шуд. Бо дастгирии империализми Англия 11—12 июли 1918 дар Ашқобод гвардиячиёни сафед исён бардоштанд, ки дар натиҷаи он Ҳокимияти Советӣ дар закаспий муваққатан барҳам хӯрд. 12 августи 1918 ба Туркманистон истилогарони англис зада даромаданд. Барои муборизаи зидди интервентҳо ва контрреволюсияи дохилӣ бо қарори ҳукумати РАСС Туркистон Фронти Закаспий ташкил карда шуд. 17 майи 1919 қисмҳои Армияи Сурх ба ҳуҷум гузашта, паи ҳам шаҳрҳои Байрамалӣ, Марв, Кушка, Таҷан, 9 июл Ашхобод (Полтораск, аз соли 1927— Ашқобод)-ро аз душман озод карданд. Баъди аз душман озод намудани Красловодск (6 феврали 1920) контрреволюционерон дар Закаспий пурра торумор карда, интервентҳои англис аз хоки Туркманистон ронда шуданд. 15 —24 феврали 1925 дар Полтораск Съезди 1-уми умумитуркманистонии Советҳо баргузор гардид. Съезд 20 феврали дар бораи ташкил шудани РСС Туркманистон декларасия ва дар бораи ба ҳайати СССР ихтиёран дохил шудани он қарор қабул кард. Туркманистон бо 2 ордени Ленин (1957, 1984), орденҳои Дустии Халқҳо (1972), Революсияи Октябр (1974) мукофотонида шудааст.
Туркманистони ҳозира республикаи индустриалию аграрӣ буда, саноати серсоҳа ва хоҷагии қишлоқи механиконида дорад. Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ соли 1979 назар ба соли 1940-ум 11 маротиба афзуд. Соҳаҳои муҳимми хоҷагии халқи Туркманистон: истихроҷ ва коркарди нефту газ, истихроҷи мирабилит (дар халиҷ Қаробуғозгол), ашёи хоми химиявӣ, истеҳсоли нахи пахта, абрешим, пӯсти қарокӯлӣ, пашм. Соли 1983 истеҳсоли энергияи электр 9,2 илрд кВт соатро ташкил дод. Корхонаҳои мошинсозӣ, саноати сабук (истеҳсоли матоъҳои пахтагин, шоҳӣ, қолин), хурокворӣ низ мавҷуданд. Ҳаҷми маҳсулоти умумии хоҷагии қишлоқ соли 1979 назар ба соли 1940-ум 4,7 бор афзуд. 1 январи 1984 дар Туркманистон 124 совхоз, 343 колхоз (аз ҷумла 4 колхози моҳигирӣ), 44 комплекси агросаноатӣ буд. Замини кишт дар ҳамаи хоҷагиҳои республика (1983, ба ҳисоби ҳазор га) —1975 аз ҷумла кишти зироатҳои техникӣ 531,9 (пахта 530,3), ғалла 143,7, сабзавот, картошка, зироатҳои полезӣ 40,2, зироатҳои хӯроки чорво 253,5. Канали калони обёрӣ — Қароқум. Боғу тоқдорӣ, кирмакдорӣ низ ривоҷ ёфтааст. Соҳаи асосии чорводорӣ гӯсфандпарварист (аа ҷумла қароқӯлпарварӣ), инчунин гов, буз, хуг, уштур мепарваранд. Саршумори чорво дар тамоми хоҷагиҳо (1983, ба ҳисоби ҳазор сар): гов 687,2, хук 210,4, бузу гӯсфанд 4523,2. Тули умумии роҳи оҳан 2,12 ҳазор км, роҳҳои автомооилгард 12 ҳазор км (1979). Киштиронӣ (дар баҳри Каспий ва дарёи Аму) низ равнақ дорад. Бандари калони баҳриаш Красноводск (гузаргоҳи паромӣ ба Боку). Нефтепровод ва газопровод ҳаст. Соли 1981 ба ҳар 1000 нафар шахси дар хоҷагии халқ машғул 852 нафар шахси дорои маълумоти олӣ ва миёна рост меомад. Соли хониши 1980/81 дар 7 донишкадаи олӣ қариб 40 ҳазор студент, дар 35 мактаби миёғаи махсус 34 ҳазор хонанда таҳсил мекард. Академияи Фанҳо (таъсисаш 1951) ва 7 театр ҳаст. Соли 1979 ба ҳар 10000 кас 27,3 духтур рост меомад. Курортҳои машҳураш: Байрамалӣ ва Фирӯза (иқлимӣ), Арчман (балнеологӣ) Муллоқаро (табобат бо лой).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …