Маълумоти охирин

ТУРКИЯ

ТУРКИЯ, Республикаи Туркия (Тurkiye Сumhuriyeti), давлатесг дар Осиёи Ғарбӣ ва қисман дар ҷануби Европа. Бо баҳрҳои Миёназамин, Эгей, Мармар ва Сиёҳ иҳота аст. Масоҳаташ 781 ҳазор км2. Аҳолиаш
47,2 млн нафар (1983); аҳолии шаҳрӣ қариб 49%. Қариб 90% аҳолӣ туркҳоанд, инчунин курдҳо (беш аз 4 млн нафар) ва дигарон истлқомат мекунанд. Забони расмӣ — туркӣ. Дини асосӣ — ислом. Пойтахташ Анқара. Шаҳри калонтаринаш Истамбул.

turkiya

Аз ҷиҳати маъмурӣ Туркия ба 67 эл (вилоят)тақсим шудааст. Сардори давлат — президент. Органи олии қонунбарор — Маҷлиси калони миллӣ (сенат ва палатаи миллӣ).
Қисми зиёди Туркияро кӯҳсори Осиёи Хурд ва кӯҳсори Арман (баландиашон то 5165 м, Арарати Калон) ишғол кардаанд, дар шимол кӯҳҳои Понт(баландиаш то 3937 м) ва дар ҷануб қаторкӯҳи Тавр (баландиаш то 3726 м) воқеъ гаштаанд. Иқлимаш субтропикӣ ва дар кӯҳсори дохили континентист. Боришоти солона 500 мм. Бештар растаниҳои даштӣ мерӯянд. Дар нишебии қаторкӯҳҳон наздисоҳилӣ бешаҳо мавҷуданд. Дарёҳои асосӣ: Даҷла, Фурот, Кура, Аракс, Яшил, Ирмоқ, Қизил Ирмоқ, Сақария, Чорух. Кулҳои калон: Ван ва Туз (обашон шӯр).
Давлати туркҳо дар Осиёи. Хурд охири асри 13— аввали асри 14 ба вуҷуд омадааст. Дар натиҷаи ҷангҳои истилогарона дар асрҳои 14—16 Империяи Усмония ташаккул ёфт. Муборизаи миллию озодихоҳонаи халқҳои зери асорати туркҳои усмонибуда, инчунин ҷангҳои Россияю Туркия боиси дар асри 19 озод гардидани бисёр халқҳои нимҷазираи Балкан ва ба вуҷуд омадани давлатҳои мустақил гардид. Охири асри 19— аввали асри 20 Туркия ба ниммустамликаи давлатҳои империалистии Европа табдил ёфт. Револютсияи буржуазии ҷавонтуркон соли 1908 ба сарнагун шудани салтанати мустабиди Абдулҳамиди II ва барпо гаштани монархияи конститусионӣ оварда расонд, вале сохти феодалии Империяи Усмонияро барҳам надод. Баъди дар Ҷанги якуми ҷаҳонӣ шикаст хӯрдани Туркия давлатҳои аъзои Антанта ба тақсими на фақат ҳудуди Империяи Усмония, балки ба худи Туркия низ шурӯъ намуданд. Дар ин шароит ва аз таъсхири Револютсияи Кабири Сосиалистии Октябр дар Туркия ҷанги миллии озодихоҳона ва револютсияи миллии буржуазӣ бо роҳбарии Мустафо Камол (Отатурк) вусъат ёфт, ки он бо ғалабаи Туркия бар империалистон ва эълон гардидани республикаи Туркия (1923) анҷом ёфт. Соли 1920 Партияи Коммунистии Туркия ташкил ёфт (аз соли 1923 дар пинҳонкорӣ). Дар мубориза ба муқобили империалистон ба халқи турк Россияи Совети ёрии калон расонд. Соли 1920 байни Россияи Советӣ ва Туркия алоқаи дипломати муқаррар гардид. Солҳои 20—30 ислоҳоти буржуазию миллӣ гузаронида шуд. Соли 1923 бо роҳбарии Отатурк (солҳои 1923—38 президент) Партияи халқию республикавӣ (ПХР, партияи буржуазияи миллӣ, то соли 1950 дар сари хокимият буд) таъсис ёфт. Дар Ҷанти дуюми ҷаҳонӣ Туркия данлати бетараф эълон шуд, вале ба Германияи фашистӣ ёрӣ мерасонд. Соли 1952 Туркия ба НАТО ва соли 1955 ба СЕНТО дохил шуд (1979 аз СЕНТО баромад). Сиёсати яктарафа бо мамлакатҳои империалистӣ ва иртиҷоии дохилӣ боиси зиёд шудани низои омма ва ба тезутунд гардидани зиддиятҳои иҷтимоию синфии мамлакат мусоидат намуд. Соли 1960 дар Туркия табаддулоти давлатӣ ба амал омад, дар натиҷа конститусияи нав қабул шуд ва ҳаёти сиёсии мамлакат ҷоннок гардид. Ҳамкории иқтисодии Иттифоқи Советӣ ва Туркия хеле вусъат ёфт. Баъди табаддулоти ҳарбии соли 1980 парламент пароканда гардид ва фаъолияти ташкилотҳои сиёсию ҷамъиятӣ манъ карда шуд.
Туркия мамлакати аграрию индустриявист. Аз ҷиҳати иқтисодӣ ба монополияҳои империалистии хориҷа тобеъ мебошад. Қариб аз се як ҳиссаи ҳудудаш киштбоб аст. Зироати асосӣ: ғалладона (гандум, ҷав, ҷуворимакка, соле 23—26 млн т), тамоку, пахта, мева. Асосан гусфанд, буз, гов мепарваранд. Роҳи оҳан, қисми зиёди саноат ва идораҳои молия дар зери назорати давлат мебошад. Саноати бофандагӣ, адвиёту хӯрокворӣ, металлургӣ, химия, мошинсози, коркарди нефт ривоҷ ёфтааст. Соле 26,6 млрд кВт-с (1982) энергияи электр истеҳсол мекунад. Хромит (615 ҳазор т, 1982), ангиштсант, маъдани оҳан, мис, истихроҷ мекунад. Тӯли роҳи оҳан 8,2 ҳазор км, роҳи автомобилгард 60,8 ҳаз км. Бандарҳои асосиаш: Истамбул, Мерсин, Измит, Измир, Зонғулдоқ, Искандарун. Ба хориҷа маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва маъдан мебарорад. Шарикони асосии тиҷоратиаш: РФГ, ШМА, Британияи Кабир, Италия, Франсил. Воҳиди пул — лираи туркӣ.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …