Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ТУРКИСТОН

ТУРКИСТОН

308px-turkestan

ТУРКИСТОН, истилоҳи таърихию географиест, кӣ баъд аз ташаккули аввалин қабилаҳои туркзабон пайдо шудааст (асрҳои 6—7). Мафҳуми «Туркистон» истилоҳи муайяну муқаррар набуд ва дар давраҳои гуногуни таърихи ноҳияҳои Осиёи Миёна, Қазоқистон ва баъзе маҳалҳоро ҳамин тавр ном мебурданд. Дар ибтидои пайдоиши истилоҳи «Туркистон» фақат ҳамон маҳаллҳоро Туркистон меномиданд, ки дар он ҷойҳо асосан қабилаҳои туркзабон умр ба сар мебурданд. Бо мурури замон мафҳуми Туркистон дигар шудан гирифт. Масалан, ба ақидаи форсҳои сосонӣ Туркистон он ноҳияе буд, ки дар шимоли Аму ҷой дошт. Муаррихи асри 7 арман Себеос Туркистон ва Деҳистон ном ноҳияеро, ки дар ҷанубу шарқи баҳри Каспий воқеъ буд, як маҳал шуморидааст. Ҷуғрофидонҳои асрҳои 9—12 араб Туркистон гуфта вилоятҳои шимолу шарқии Мовароуннаҳрро мефаҳмиданд. Ба қавли Ёқути Ҳамавӣ хоки Туркистон аз Косон ном шаҳри Фарғона сар шуда, шаҳрҳои Ҷанд, Шаркенти поёноби дарёи Сир ва Хутанро дар бар мегирифт. Баъди истилои Шайбонихон (асри 16) қисми Афғонистони Шимолӣ ҳам, ки байни дарёи Аму, ағбаи Оқработ ва қаторкӯҳи Банди Туркистон воқеъ буд, номи Туркистонро гирифт.
Баъди ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна Туркистон ҳамчун воҳиди маъмурӣ соли 1867 генерал-губернаторӣ ном гирифт ва соли 1886 номи ин ноҳия расман «Кишвари Туркистон» эълон шуд. Ин кишвар ба истиснои аморати Бухоро ва хонии Хева тамоми ноҳияҳои ҷануби Қазоқистон ва Осиёи Миёнаро дар бар мегирифт, соли 1898 ба он Ҳафтрӯд ва ноҳияҳои Закаспий ҳамроҳ карда шуд ва то Револютсияи Кабири Сосивтистии Октябр Туркистон мафҳуми худро нигоҳ дошта буд.
Н. Неъматов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …