Главная / Гуногун / ТУРКАИ ХУҶАНДӢ

ТУРКАИ ХУҶАНДӢ

ТУРКАИ ХУҶАНДӢ Хоҷа Абумуҳаммад Соинуддин Алӣ ибни Афзалуддин мутахаллис ба Собир (соли таваллуд номаълум — вафот 1432, Ҳирот), насрнавис ва олими тоҷик. Дар Ҳирот зиндагӣ ва эҷод кардааст. Туркаи Xуҷандӣ аз нависандагони сермаҳсул аст. Бештар аз 40 асари у ба шакли дастнавис дар китобхонаҳои ҷаҳон нигоҳ дошта мешавад, ки машҳуртаринашон инҳоанд: «Муншаот», рисолаҳои «Қобилият», «Нуқта ва ҳарф», «Мабдаъ ва маод», «Атвори салоса», «Асрори салот», «Муқаддима дар истилоҳи сӯфия», «Тасаввуф ва ҳуруф», «Мунозироти хамс» (мунозираҳои ақлу ишқ, ваҳму ақл, ваҳму хаёл, самъу басар, ошвқу маъшуқ) ва ғайра. Фаттоҳии Нишопурӣ дар таълифи маснавии «Ҳусну Дил» аз ин мунозираҳо истифода кардааст.
С. Асадуллоев.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

САҚАНКӮР

САҚАНКӮР, нигаред Самандар.