Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТУРДИХОҶАЕВ Неъматхоҷа

ТУРДИХОҶАЕВ Неъматхоҷа

ТУРДИХОҶАЕВ Неъматхоҷа (1896, Хуҷанд—1. 8. 1975, шаҳри Ленинобод), иштирокчии фаъоли барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Совети дар шимоли Тоҷикистон. Аз оилаи деҳқон. Падари Н. Неъматов. Аввал батрак буд, баъд ёрдамчии усто шуд. Баъди ғалабаи Револютсияи Октябр ба хизмати Гвардияи Сурхи гарнизони Хуҷанд дохил шуд. Соли 1918 Турдихоҷаев дар ҳайати отрядҳои И. Я. Тихонов ва В. Я. Балсер бар зидди дастаҳои босмачиёни шимоли Тоҷикистон фаъолона мубориза бурд. Ӯ соли 1921 ба органҳои милисияи халқӣ ва Комиссияи Фавқулода (ЧК) ба кор фиристода шуд. Вай дар мубориза ба муқобили унсурҳои зиддисоветӣ дар волостҳои Қистакӯз, Чапқулуқ ва Андарак — Овчии музофоти Хуҷанд фаъолона ширкат кардааст. Турдихоҷаев солҳои зиёд назоратчии хоннаҳои ислоҳи ҷинояткорон дар Фарғонаю Хуҷанд буд. Аз соли 1933 нафақагири шахсии дараҷаи республикавӣ. Бо медалҳо мукофотонида шудааст.
Л. Кодиров, .Ш. Ҷалилов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …