Главная / Гуногун / ТУРДИЕВ Саидқул

ТУРДИЕВ Саидқул

ТУРДИЕВ Саидқул (1912, деҳаи Хонободи собиқ раёни Балҷувон, ҳозира совети қишлоқи Даҳанаи раёни Кӯлоб, вилояти Кӯлоб—1943), Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1944), лейтенант. Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои КПСС аз соли 1937. Соли 1930 ба сафи комсомол дохил шуд. Баъди хатми Техникуми хоҷагии қишлоқи Вахш се сол дар совхози «Вахш» «агроном шуд. Июни 1941 ихтиёрӣ ба фронт рафт. Командири ротаи пулемётчиён дар дивизияи тирандозӣ буд. Дивизия аз дарёи Днепр гузашт. Қариби бегоҳ тири ҷанговарони советӣ тамом шуд, онҳо найза ва қундоқи милтиқу автоматҳоро ба кор бурданд. Охирин гранатаҳоро ба сӯи фашистон ҳаво доданд. Немисҳо ба зарба тоб наоварда, ақиб гаштанд. Турдиев дар ин корзор ҳалок шуд. Дар раёни Москва совхоз, мактабу кӯчаҳо номи ӯро гирифтаанд. Ба хотираи Турдиев ҳайкал низ гузоштаанд.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

САҚАНКӮР

САҚАНКӮР, нигаред Самандар.