Маълумоти охирин
Главная / Техника / ТУРБИНАИ БУҒӢ

ТУРБИНАИ БУҒӢ

m_dampfturbine_produkte-w310

ТУРБИНАИ БУҒӢ, турбинаест, ки энергияи ҳароратии буғи обро ба кори механикӣ табдил медиҳад. Турбинаи буғӣ собит (масалан, дар электростансияҳои ҳароратӣ) ва мутаҳаррик (дар киштиҳо) мешаванд. Турбинаҳон буғии яккорпуса ва бисёркорпуса (одатан аз 4 корпус зиёд нест), якнаварда (навардҳои ҳамаи корпусҳо як меҳвар доранд) ва ду, сенавардаи ба таври мувозӣ ҷойгиршуда мавҷуданд. Дар СССР турбинаҳои буғии иқтидорашон аз чанд кВт то 1200 МВт ва аз он ҳам зиёд сохта мешаванд.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …