ТУРБОГЕНЕРАТОР генератори энергияи электрист, ки тавассути турбинаи буғӣ ё газӣ ҳаракат мекунад. Турбогенератор одатан генератори синхронӣ мебошад, яъне он бо турбинаи стансияи электрии ҳароратӣ (СЭҲ) бевосита пайваст шуда, ҳамроҳи он як хел (дар СССР бо суръатк то 3000 гард/дақ) чарх мезанад. Иқтидораш то 500—1200 МВт. Дар СССР қариб 80% ҳамаи қувваи электрро Турбогенератор истеҳсол мекунад.
Д. Давлатшоев.
Tags Генератор
Инчунин кобед
САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ
САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …