Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТӮРАХОҶАИ АФСӮС

ТӮРАХОҶАИ АФСӮС

ТӮРАХОҶАИ АФСӮС (соли таваллуд номаълум — вафот 1855), шоири тоҷик. Аз оилаи шоир Хоҷа Убайдуллоҳи Солик. Асири дарбори Умархони Амирӣ буд. Зулму ситам ва макру фиреби бениҳояти амир дар дили шоир нисбат ба муҳити дарбор нафрат бедор кард. Аз дарбор ронда шуд ва ба зодгоҳаш баргашт.
Тӯрахоҷаи Афсӯс шоири соҳибдевон будааст, вале девонаш то ҳол пайдо нест. Аз ӯ ғазалҳову қасоид тавассути тазкираҳо (масалан, дар «Маҷмӯат-уш-шуаро»-и Фазлии Намангонӣ 8 ғазалу 2 қасида) ва баёзҳо боқӣ мондааст.
С. Султонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …