Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТУРАЕВ Болтухон

ТУРАЕВ Болтухон

ТУРАЕВ Болтухон (1888, Хуҷанд —1962, Ленинобод), яке аз муборизони фаъоли барқарор ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон. Аз оилаи сангтарош. Баъди ғалабаи Револютсияи Октябр Тураев аъзои Комитети хӯрокворӣ, аъзои Совети депутатҳои коргарону солдатҳои шаҳри Хуҷанд интихоб шуд. Соли 1918 ҳамроҳи 118 нафар ихтиёриёяи Хуҷанд барои мубориза бар зидди гвардиячиёни сафед ба Оренбург рафт. Солҳои 1919—20 ӯ командири отряди ихтиёрии муборизи зидди босмачиҳои уезди Хуҷанд таъин гардид ва дар муборизаи зидди босмачиёни Нов, Уротеппа, Мираочӯл иштирок кард. Соли 1924 раиси Комитети революционӣ ва намояндаи Комитети революционӣ оид ба муборизаи зидди босмачиёни волости Чопқулуқи уезди Хуҷанд буд. Минбаъд дар органи милиция, ташкилотҳои сохтмон, идораи «Водосвет», комбинати консервбарории шаҳри Ленинобод ва ғайра кор кардааст. Тураев бо ордени Байрақи Сурх ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст. П. Ҷалилов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …