Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТУРАЕВ Алексей Болтухонович

ТУРАЕВ Алексей Болтухонович

ТУРАЕВ Алексей Болтухонович (таваллуд 2. 6. 1930, шаҳри Хуҷанд), ходими давлатии советӣ. Агрономи Хизматнишондодаи РССН Тоҷикистон (1957). Аъзои КПСС аз соли 1956. Техникуми хоҷагии қишлоқи Ленинобод (1947) ва Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро (1952) хатм намуд. 1952—58 агроном, сарагроном, ҷонишини раиси колхози «Москва», 1958—60 раиси колхози ба номи Куйбышеви райони Хуҷанд, 1960—64 аспиранти Институти зироати АФ РСС Тоҷикистон, 1961—62 ҷонишини раиси колхози «Москва»-и райони Хуҷанд, 1962—63 ҷонишин, сардори Управленияи территориявии истеҳсолии колхозу совхозҳои райони Хуҷанд, 1963—65 сармутахассиси Управленияи муассисаҳои тадқиқоти илмии Комитети давлатии пахтакории Осиёи Миёна. Солҳои 1965—84 мудири шӯъбаи хоҷагии қишлоқ ва маҳсулоттайёркунии Мудирияти корҳои Совети Вазирони РСС Тоҷикистон, 1984—85 ҷонишини раиси комиссияи Президиуми Совети Вазирони РСС Тоҷикистон оид ба масъалаҳои Комплекси агросаноатӣ, мудири шӯъбаи Комплекси агросаноати Мудирияти корҳои Совети Вазирони РСС Тоҷикистон, 1985 вазири хоҷагии қишлоқи РСС Тоҷикистон, буд. Аз 27 декабри 1985 раиси Комитети давлатии РСС Тоҷикистон оид ба ҷангал. Бо ордени Дустии халқҳо, 3 ордени «Нишони фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …