Маълумоти охирин

ТУР

ТУР (дар Авесто Тура), персонажи ривояту устураҳои Эрони бостон ва «Шоҳнома»-и Фирдавсист. Дар «Фарвардин-яшт»-и Авесто, «Чехрдод-наск» -и «Динкард» достони Тур мухтасар омадааст. Мувофиқи баъзе ривоети эронӣ Тур сарнасли тӯрониён буд.
Мувофиқи ривоёти «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ пас аз он ки Фаридун мамоликашро байни се писар тақсим кард, ба Тур Тӯрону Чинро дод. Тур бо бародари калонаш — Салм муоҳида карда, аз рашку ҳасад бародари хурдаш Эраҷро, ки ҳукмрони Эрону Арабистон буд, ба қатл расонид. Ин воқеа сабаби зиддияту ҷангҳои доманадори байни Эрону Тӯрон гардид. Тавассути ин образ Фирдавсӣ рашку ҳасад ва дигар хислатҳои зишти инсониро маҳкум намудааст.
Адабиёт: Абулқосими Фирдавсӣ, Шоҳнома, ҷилди 1, Душанбе, 1964; Османов М.-Н. О., Фирдоуси. Жизнь и творчество, Москва, 1959;
М. Диловаров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …