Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Димнаи ТӮПРОҚҚАЛЪА

Димнаи ТӮПРОҚҚАЛЪА

ТӮПРОҚҚАЛЪА, димнаи шаҳрқалъаи асрҳои 1—6, қароргоҳи шоҳони Хоразм (асрҳои 3—4)-ро номанд. Дар ҳудуди ҳозираи райони Берунии РАСС Қароқалп. Аз соли 1938 таҳти роҳбарии С. П. Толстов ҳафриёти археологӣ гузаронида шудааст. Шаҳр чоргӯша (500X350 м) буда, девор ва тиму бурҷҳо дорад, кӯчаи марказӣ аз дарвозаи Тӯпроққалъа ба оташкада меравад. Кӯчаҳои канорӣ бошанд, биноҳоро ба 10 маҳалла тақсим мекарданд. Дар қисми шимолу-ғарбии шаҳр дар баландии 14 м димнаи кӯшк воқеъ аст. Тақрибан 100 бинои иқоматӣ ва 8 қабулгоҳ кофта шудаанд. Аз Тӯпроққалъа яроқ, ашёи зебу зинат ва ҳуҷҷатҳо ёфт шудаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …