Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ТУПОЛЕВ Андрей Николаевич

ТУПОЛЕВ Андрей Николаевич

tupolev-an

ТУПОЛЕВ Андрей Николаевич (10. 11. 1883, губернатори Твер, ҳозира вилояти Калинин —23. 12. 1972, Москва), авиаконструктори советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1953), генера полковник инженер (1968), се карат Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1945, 1957, 1972). Шогирди М. В. Жуковский. Таҳти роҳбарии Туполев зиёда аз 100 навъ самолётҳои ҳарбию гражданӣ, аз ҷумла АНТ-25, ТУ- 104 (аввалин самолёти реактивии пассажиркашон), Ту-114 Ту-144 (фавқуссадои пассажиркашон) бунёд гардиданд. Дар самолётҳои Т. 78 рекорди ҷаҳонӣ гузашта шуда, 28 парвози беҳамто, аз ҷумла бо АНТ- 25 ба ШМА аз болои Қутби Шимол парвоз кардани В. П. Чкалов ва М. М. Громов иҷро гардидааст. Аъзои Комитети Иҷроияи Маркази (ЦИК), депутати Совети Олии СССР (аз соли 1950) буд. Лауреати Мукофоти ленинӣ (1957), Мукофотҳои давлатии СССР (1943, 1949, 1952, 1972). Бо 8 ордени Ленин ва дигар ордену медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …