Маълумоти охирин
Главная / Биология / Дарахти тунг

Дарахти тунг

ТУНГ, дарахти тунг (Аleurites), як ҷинси дарахтони хазонрезро гӯянд (аз оилаи зарбатиҳо). То 10 , м қад мекашад. Дар СССР (Закавказия) тунги Форд (А. fordii) ва тунги японӣ (А соrdata)-ро мепарваранд. Ба Гурҷистон тунги Фордро соли 1929 овардаанд.

Aleurites moluccana

Тунг яке аз беҳтарин растаниҳои равғандор мебошад. Аз тухми тунги Форд (чинӣ) равғани аълосифат ва аз тунги кӯҳӣ (А. топ1апа), лумбанг ёшамъдарахт (А. montana), тунги японӣ ва ғайра равғани техникm мекашанд. Дар дунё соле қариб 120 ҳазор тон равғаyи тунг истеҳсол мекунанд, ки асосан барои тайёр кардани лок ва рангҳои аълосифат истифода мешавад. Куyҷораи тухмашро, ки заҳрноки серсафеда аст, барои истеҳсоли казеин ва пластмасса ба кор мебаранд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …