Маълумоти охирин

ТУМОР

ТУМОР, тумор, мактуби ба шакли лӯла ё секунҷа печонидашударо гӯянд. Онро маъмулан мулло ҳамчун «балогардон» ба шахси муроҷиаткарда медод. Эътиқод ба тумор аз қадим байни мардуми авом вуҷуд дошт. Тумор ҳангоми касал шуда ба мулло муроҷиат кардан, барои чашм нарасидан, аз тарсу ҳарос эмин нигоҳ доштан ва ғайра дода мешуд.

49wuyjkwq7_649_1

Мӯътақидон коғази дуо навишташударо бо ҳазориспанд, баъзан сангчаҳои рангин ва ғайра даруни халтачаи секунҷа, чоркунҷа ва ё лӯлашакл гузошта, ба он аз шоҳӣ, махмал, чарм ва ғайра ҷилд месохтанд ва ба китфи кудак ё либоси эҳтиёҷмандон медӯхтанд. Ҳоло туморнависӣ аз байн рафта, эътиқод ба он қариб барҳам хӯрдааст.
О. Муродов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …