Маълумоти охирин
Главная / Биология / ТУЛЯРЕМИЯ

ТУЛЯРЕМИЯ

ТУЛЯРЕМИЯ, шадидтария бемории сироятии ҳайвонот ва одам, ки бактерияи Тrancisella tularensis ба вуҷуду меорад. Манбаи сироят асосан юрмонҳои касал мебошанд. Туляремия дар ШМА, СССР, Канада, Япония, Швеция, Норвегия, Франция ва дигар мамлакатҳои Нимкураи шимолӣ дучор мешавад. Туляремия ба одам бевосита аз хояндаҳо ва харгӯшҳои касал ё мурда ё ба воситаи об, пахол ва дигар хӯрокии ифлоскардаи онҳо ва инчунин ҳангоми газидани ҳашарот ва канаҳо сироят мекунад.

tulyaremiya

Давраи пинҳонӣ (инкубасиони) -аш аксар вақт 3—7 шаборӯз. Ҳарорати баланд, дарди сар, бедорхобӣ, варам ва дард кардани ғадудҳои лимфави (ҳосилшавии хиёракҳо) ва ғайра аломатҳои Туляремия мебошанд. Давомнокии Туляремия ба ҳисоби миёна 2—3 ҳафта буда, марговариаш камтар аз 1% аст. Барои муайяи намудани Туляремия озмоиши пӯстӣ — аллергӣ ва реаксияи махсуси аглютинасияро истифода мебаранд.
Муолиҷа: антибиотикҳо (стрептомицин, тетрациклин ва ғайра). Баъди туляремияро аз сар гузарондан иммунитети устувор боқӣ мемонад. Шахси бемори туляремия барои атрофиён хавфнок нест.
Пешгирӣ: ба рӯи пӯст черт кардани мояи зиндаи зидди туляремия (ба ҳисоби миёна 5 сол бо иммунитет таъмин менамояд); маҳв кардани хояндаҳо ва канаҳо; муҳофизати санитарии манбаъҳои об, риоя намудани қоидаҳои агротехникӣ, гигиенаи шахсӣ. Ҳангоми ба вуҷуд омадани туляремия ҳайвонҳои касалро ҷудо карда, харобашро мекушанд ва молхонаҳоро дезинфекция мекунанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …