Маълумоти охирин

ТУЛАК

ТУЛАК, пустпартоии мавсимии ҳайвонот. Бемӯҳрагон (харчангшаклҳо, чилпо, ҳашарот ва дигари буғумпойҳо, инчунин баъзе кирмҳо ва ғайра) ҳангоми тулак пусти кӯҳнаро партофта, пусти нав мебароранд, ки ин шарти асосии инкишофи организм мебошад.

tulak
Тулаки ҳашарот бештар зери таъсири ғадуди тулак — экдизон сурат мегирад.
Тулаки мӯҳрадорон — обхокиҳо, хазандаҳо (бидуни тимсоҳҳо ва аксари сангпуштҳое, ки пӯст намепартоянд), паррандаҳо ва ширхӯрҳо шарти зарурии таҷдиди пӯстҳои фасурда буда, на ба марҳалаи инкишоф, балки ба тағйироти мавсимӣ алокаманд аст.
Баъди тулак болу пар ва мӯй зич шуда, ранги дигар мегирад. Дар давраи тулак дар организми ҳайвонот мубодилаи сафода вусъат мегирад, оксиген бештар истеъмол мешавад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …